https://sputnik.tj/20210930/dodsitoni-rusiya-dushanbe-1042571706.html
Додситони кулли Русия ба Душанбе омад
Додситони кулли Русия ба Душанбе омад
Sputnik Тоҷикистон
Игор Краснов бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон мулоқот хоҳад кард
2021-09-30T09:25+0500
2021-09-30T09:25+0500
2021-09-30T12:31+0500
дар тоҷикистон
прокурорҳо
юсуф раҳмон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042571393_0:0:1149:646_1920x0_80_0_0_f5558af811323d63b3feef55748ec3f6.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Додситони кулли Федератсияи Русия Игор Краснов бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод. Гуфта мешавад, ки Краснов бо даъвати додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ба пойтахти Тоҷикистон омадааст. Қарор аст рӯзи 30 сентябр додситони кулли Федератсияи Русия бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот кунад. Дар ин мулоқот муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, дурнамои баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти прокуратура ба нақша гирифта шудааст.Илова бар ин, Русия ва Тоҷикистон бояд дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ санади дуҷониба имзо кунанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар доираи сафари Краснов ба Душанбе ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад.
https://sputnik.tj/20210924/usuf-rahmon-afghoniston-uzbekiston-hamkori-1042483241.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
В Душанбе прилетел генеральный прокурор России
Sputnik Тоҷикистон
В Душанбе прилетел генеральный прокурор России
2021-09-30T09:25+0500
true
PT0M31S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042571393_0:0:1021:766_1920x0_80_0_0_929e2848cb38a058fb594e1af8d8e1ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додситони русия душанбе
Додситони кулли Русия ба Душанбе омад
09:25 30.09.2021 (Навсозишуда: 12:31 30.09.2021) Игор Краснов бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон мулоқот хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Додситони кулли Федератсияи Русия Игор Краснов бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд,
хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки Краснов бо даъвати додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ба пойтахти Тоҷикистон омадааст.
Қарор аст рӯзи 30 сентябр додситони кулли Федератсияи Русия бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот кунад.
Дар ин мулоқот муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, дурнамои баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти прокуратура ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, Русия ва Тоҷикистон бояд дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ санади дуҷониба имзо кунанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар доираи сафари Краснов ба Душанбе ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад.