Амрико бохти худ дар ҷанги Афғонистонро эътироф кард

© Sputnik / Владимир ПироговАмериканские военнослужащие у транспортного самолета
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Амрико ахиран эътироф намуд, ки ҷанг дар Афғонистонро бохтанд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Артиши Амрико бо вуҷуди анҷом додани бархе аз рисолатҳои худ дар ҷанги Афғонистон мағлуб шуд, изҳор дошт Марк Миллӣ, раиси ситоди муштараки артиши Амрико.
"Ин ҷанг барои мо як нокомии стратегӣ буд. Аммо мо онро дар 20 рӯзи охир ва ҳатто дар 20 моҳи охир аз даст надодем", - афзуд ӯ ва тавзеҳ дод, ки ин сабаби ин нокомӣ, иштибоҳҳо дар солҳои қаблӣ аст.
Миллӣ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон тавонист бо гурӯҳи террористии "Ал-Қоида"* мубориза барад, вале сари қудрат омадани "Толибон"* - ро натавонистанд ҷилавгирӣ кунанд.
"Ба ҳамаи мо возеҳ аст, ки ҷанг дар Афғонистон тавре ки мо мехостем, ба охир нарасид: Толибон дар Кобул қудрат доранд" , - гуфт раҳбари низомӣ.
флаг сша - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Амрико ба иқдоми буридани дасту пой тавасути “Толибон”* вокуниш нишон дод
Ба андешаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида як қатор қарорҳои нодурусти стратегӣ қабул кард, ки дар якҷоягӣ боиси нокомии тамоми амалиёти низомӣ дар Афғонистон гардид.
Дар ҳамин ҳол, Конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ бохти Амрико дар Афғонистонро ба сари президентӣ омадани Ҷо Байден рабт медиҳанд. Аммо Конгрессменҳои демократ мегӯянд, барои нокомӣ ҳамаи маъмуриятҳои ИМА, ки дар 20 соли охир кор кардаанд, масъул ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0