Ҷаласаи ҳукуматро Расулзода баргузор кард

© Пресс-служба президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Дар ҳоле ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, сарвазир Қоҳир Расулзода бо баргузор кардани ҷаласаи ҳукумат беш аз 40 масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст.
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Қоҳир Расулзода лоиҳаҳои баъзе аз қонунҳо баррасӣ шуда, барои тасдиқ ба парлумон ирсол шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси замин, тарҳҳои тағйирот ба қонунҳо дар бораи Суди конститутсионӣ, дар бораи судҳо, дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ, дар бораи ветеранҳо, дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ, дар бораи минтақаҳои кӯҳӣ, дар бораи захираҳои генетикӣ баррасӣ шудаанд.
Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” аз ҷониби раисҷумҳур
Инчунин дар ин ҷаласаи ҳукумат Стратегияи ҳифзи аҳолии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсиси Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон" дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро баррасӣ кардаанд.
Дар идомаи маҷлис роҳбарони вазорату идораҳо аз татбиқ ва иҷроӣ шудани барномаҳои ҳукумати мамлакат гузориш додаанд. Қоҳир Расулзода роҳбарони вазорату идораҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои сари вақти дастурҳои роҳбари давлат тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Лентаи хабарҳо
0