Вокуниши роҳбари “Толибон”* ба тарошидан риш

© REUTERS \ West Asia News AgencyБойцы "Талибана"* в парке развлечений в Кабуле
Бойцы Талибана* в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Обуна шудан
Намояндагони гурӯҳи “Толибон”* эълон карданд, ки номаҳои пахшшуда дар бораи манъи тарошидани риш мақеи расмии онҳо нест
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Шабакаи телвезионии "TOLOnews" хабар дод, ки дар вулусволиҳои Каписо, Ҳилманд ва Тахор номаҳое паҳн шуда буданд, ки тарошидани риш ва доштани телефонҳои камерадор назди занонро мамнуъ эълон мекарданд, Sputnik Афғонистон.
Комиссиюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон" дар робита ба паҳн шудани номаҳо дар бораи тарошидани риш ва мамнуоти рафтан бо телефони камерадор назди занон мегӯяд, ки ин номаҳо дидгоҳи расмии ҳукумати кунунӣ дар Афғонистон нестанд.
Сокинони маҳаллӣ дар Каписо мегӯянд, Комиссиюни даъват ва иршоди вулусволии Наҷроб рӯзи душанбе бо пахши як номае эълон кард, ки ҷавонон мӯй ва риши худро ба муделҳои инглисӣ, амрикоӣ ва фаронсавӣ ислоҳ накунанд ва тарошидани риш гуноҳи кабира аст.
Празднование дня независимости в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Бидуни Ғанӣ, бо Солеҳ: Ҳукумати қаблии Афғонистон дубора эъломи мавҷудият кард
“Ба мо гуфта, ки риши худро тароши мисли модели инглисӣ ва амрикоӣ ҷур накунед ва агар касе мекунад, бо онон бархӯрди қонунӣ сурат мегирад”,- гуфт Олим, ки дар яке сартарошхонаи ноҳияи Наҷроби вилояти Каписо кор мекунад.
Яъне манзур аз ин он аст, ки “Толибон”* гӯё риши суннатиро қабул дорад, на он тарзе ки амрикоиҳову инглисҳо риш мегузоранд.
Ин номаи 16-моддаӣ бар иловаи манъи телефонҳои мобилӣ назди занон маҳдудиятҳоеро низ барои хароҷоти тӯй низ эълон кардааст.
Саъдуллоҳ Солеҳӣ, хабарнигори маҳаллӣ дар ноҳияи Наҷроб гуфт: “Манъи тирпарониҳои шодиёна ва масрафи газофи арӯсӣ бо истиқболи мардуми Наҷроб рӯ ба рӯ шудааст”
Комиссиюни иршод ва даъвати вилояти Ҳилманд ҳамчунин дар як нома ба сартарошхонаҳо дастур додааст, ки аз тарошидани риш худдорӣ кунанд ва ҳушдор додааст, ки бо муттахалифин бархӯрди ҷиддӣ хоҳад шуд.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
"Толибон"*: Муваққатан Қонуни Асосии давраи Муҳаммад Зоҳиршоҳро иҷроӣ мекунем
Пеш аз ин низ дар бораи тарошидани риш ба кормандони шаҳрдории Тахор ҳушдори мушобеҳ дода шуда буд. Аммо як узви Комиссиюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанг ин номаҳоро рад кард ва гуфт, ки онҳо назари расмии ҳукумати феълӣ нестанд.
Инъомуллоҳ Самангонӣ, узви Комиссиюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанг гуфт: "Вазорат расман эълон кард, ки чунин изҳорот аз ҷониби онҳо нашр нашудааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад. Ин аз суроғаи расмии Иморати Исломии Афғонистон нест”.
Сайидисҳоқи Гилонӣ, раҳбари Ҷунбиши миллии ҳамраъйии Афғонистон гуфт: "Ин ба Иморати Исломӣ зарар мерасонад. Ин ҷаҳонро асабонӣ мекунад ва шинохти иморатро имконнопазир месозад”.
Маҳдудиятҳо дар кор ва таҳсилоти занон низ пас аз суқути ҳукумати пешин ҷорӣ карда шуданд. Аммо ҳукумати феълӣ мегӯяд, ки бо мурури замон барои занон низ шароити таҳсил ва кор фароҳам хоҳад шуд.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия маманӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0