https://sputnik.tj/20210928/tojikiston-uzbekiston-marz-barrasi-1042533053.html
Поёни нишасти якҳафтаӣ: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Поёни нишасти якҳафтаӣ: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Нишасти якҳафтаии намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои аломатгузории марз поён ёфт 28.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-28T10:30+0500
2021-09-28T10:30+0500
2021-09-28T12:26+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
аломатгузории сарҳад
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042532788_0:107:1200:783_1920x0_80_0_0_2e33598c26666fe414a6f915560934b2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Аз 20 то 27 сентябр дар шаҳри Самарқанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, дар музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, пас аз анҷоми он протокол ба имзо расид.Вохӯрии баъдии ҷонибҳо дар Тоҷикистон баргузор мегардад.Қаблан гуфта мешуд, ки президентҳои кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, картографҳо, тадқиқотчиён ва дигар мутахассисон супориш доданд, ки корро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ то охири соли 2021 ба анҷом расонанд.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи делимитатсияи марз ҳанӯз соли 2019 ба мувофиқа расида буданд ва як сол пеш созишномаи байни кишварҳо дар бораи қитъаҳои муайяни марзии ду кишвар имзо шуда буд.Тӯли марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километр аст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 20 дарсади сарҳади давлатӣ тақсимнашуда боқӣ монд.
https://sputnik.tj/20210817/alomatguzori-marz-tojikiston-uzbekiston-1041679962.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042532788_187:127:1062:783_1920x0_80_0_0_1ed1c167a6bbf736a81491a58d8fc34c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, аломатгузории сарҳад, марз
дар тоҷикистон, ӯзбекистон, аломатгузории сарҳад, марз
Поёни нишасти якҳафтаӣ: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро баррасӣ карданд
10:30 28.09.2021 (Навсозишуда: 12:26 28.09.2021) Нишасти якҳафтаии намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои аломатгузории марз поён ёфт
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Аз 20 то 27 сентябр дар шаҳри Самарқанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.
"Тарафҳо натиҷаи корҳои саҳроиро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода намудани хатти лоиҳавии демаркатсионӣ корҳоро идома медиҳанд",-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, пас аз анҷоми он протокол ба имзо расид.
Вохӯрии баъдии ҷонибҳо дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қаблан гуфта мешуд, ки президентҳои кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, картографҳо, тадқиқотчиён ва дигар мутахассисон супориш доданд, ки корро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ то охири соли 2021 ба анҷом расонанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи делимитатсияи марз ҳанӯз соли 2019 ба мувофиқа расида буданд ва як сол пеш созишномаи байни кишварҳо дар бораи қитъаҳои муайяни марзии ду кишвар имзо шуда буд.
Тӯли марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километр аст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 20 дарсади сарҳади давлатӣ тақсимнашуда боқӣ монд.