Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро қатъ накардааст

© PxhereЛиния электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон дар як моҳи охир ба Афғонистон ба маблағи беш аз 12 миллион доллар нерӯи барқ фурӯхтааст
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии табодули мол байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 12,3 миллиард долларро ташкил додааст.
Аз ин миқдор каме бештар аз 0,1 миллион доллар ба воридот аз Афғонистон рост меояд, боқимонда аз ҳисоби таҳвили маҳсулоти Тоҷикистон ба Афғонистон аст.
Гуфта мешавад, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Афғонистон 64,5 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 22% бештар аст.
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Тоҷикистон барои содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон ва Ӯзбекистон омода аст
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Афғонистон 63,5 миллион доллар ва молҳои афғон ба маблағи 1 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, қаблан ҳам умдатарин моле, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон содирот мешуд, ин неруи барқ буд. Як сол қабл, 65% содироти Тоҷикистонро маҳз содироти нерӯи барқ ​​ташкил медод.
Бояд қайд намуд, Вазорати энергетикаи Тоҷикистон низ хабар дод, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тибқи ҷадвали мувофиқашуда идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0