Президент ба ятимон дар Шуғнон либос, ширинӣ ва китоби "Пешвои миллат" тақдим кард

© PixabayПодарки, архивное фото
Подарки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон чун анъана бо ятимон мулоқот карда, туҳфа тақдим кардааст
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ба 35 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, туҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон аз сарулибоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буда, ҳамчунин ба ҳар як кӯдак китоби “Пешвои миллат” тақдим гашт.
Мақомдорони Шуғнон иттилоъ додаанд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ ба кӯдакони ятим сарулибоси зимистона ҳам тақдим шуда буд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Раҳмон: Рошқалъа дар солҳои наздик ба содиркунандаи барқ табдил меёбад
"Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятими кулл ва 18 нафари дигар кӯдакони маъюбиятдошта буданд", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ятимон ва ақрабояшон изҳор доштааст, ки давлату ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузорад ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгирашон хоҳад буд.
Кӯдакон ваъда додаанд, ки дар оянда барои рушду инкишофи Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.
Лентаи хабарҳо
0