https://sputnik.tj/20210928/latif-pidrom-mavqei-dushanbe-dakholat-umuri-afghoniston-1042549504.html
Латифи Пидром: Мавқеи Душанбе дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест
Латифи Пидром: Мавқеи Душанбе дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадор намоёни тоҷик дар Афғонистон Латиф Пидром мавқеи Тоҷикистонро созгор ба арзишҳои байнулмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар донистааст
2021-09-28T20:40+0500
2021-09-28T20:40+0500
2021-09-29T13:02+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
сиёсат
душанбе
афғонистон
сиёсатмадор
мавқеъ
латиф пидром
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/94/1030759474_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_0f806bd498baf3d4869f21769c631261.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар як навор сиёсатмадори афғонистонӣ, Латифи Пидром изҳор доштааст, ки мавқеи Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии ин кишвар нест, иттилоъ додааст хабаргузории "Афганистан.ру".Вай афзуд, ки гуфтаҳои тарафи Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст.Пидром зикр кард, ки ҳукумати "Толибон"* ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта нашудааст.Дар ҳамин ҳол Латифи Пидром дар бораи дахолати Покистон ба умури Афғонистон изҳори назар намуда, аз сафари роҳбари хадамоти иктишофии Покистон ба Кобул хотиррасон шуд. Вай афзуд, ки шахсони расмии Покистон ба саросари дунё сафар мекунанд, то ки барои ба расмият шинохтани "Толибон"* даст ёбанд.“Кадом кишвар ба умури Афғонистон дахолат мекунад: давлате, ки роҳбари хадамоти иктишофии он ба Афғонистон барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо меояд ё кишваре, ки мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ ба ҳайати ҳукумат шомил карда шаванд?”, - суол гузоштааст сиёсатмадор.Оқои Пидром зикр кард, ки иродаи неки Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди таъхир дар пардохти пул аз Афғонистон, Душанбе интиқоли барқро ба ин кишвар идома медиҳад.Ёдрас мешавем, ки пештар муовинони роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон”* (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.Ҳукумати Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки иморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210925/pidrom-masud-tojikiston-afghoniston-1042487952.html
душанбе
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/94/1030759474_105:0:2772:2000_1920x0_80_0_0_21606ff8538c3bc661e68d7404a1c48b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, латиф пидром, мавқеъ, дахолат, умур, афғонистон
тоҷикистон, латиф пидром, мавқеъ, дахолат, умур, афғонистон
Латифи Пидром: Мавқеи Душанбе дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест
20:40 28.09.2021 (Навсозишуда: 13:02 29.09.2021) Сиёсатмадори шинохтаи Афғонистон Латифи Пидром мавқеи Тоҷикистонро созгор ба арзишҳои байнулмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар донистааст
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар як навор сиёсатмадори афғонистонӣ, Латифи Пидром изҳор доштааст, ки мавқеи Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии ин кишвар нест, иттилоъ додааст хабаргузории "
Афганистан.ру".
Вай афзуд, ки гуфтаҳои тарафи Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст.
Пидром зикр кард, ки ҳукумати "Толибон"* ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Латифи Пидром дар бораи дахолати Покистон ба умури Афғонистон изҳори назар намуда, аз сафари роҳбари хадамоти иктишофии Покистон ба Кобул хотиррасон шуд. Вай афзуд, ки шахсони расмии Покистон ба саросари дунё сафар мекунанд, то ки барои ба расмият шинохтани "Толибон"* даст ёбанд.
“Кадом кишвар ба умури Афғонистон дахолат мекунад: давлате, ки роҳбари хадамоти иктишофии он ба Афғонистон барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо меояд ё кишваре, ки мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ ба ҳайати ҳукумат шомил карда шаванд?”, - суол гузоштааст сиёсатмадор.
Оқои Пидром зикр кард, ки иродаи неки Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди таъхир дар пардохти пул аз Афғонистон, Душанбе интиқоли барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки пештар муовинони роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон”* (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.
Ҳукумати Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки иморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар