https://sputnik.tj/20210928/bonki-milli-tojikiston-puli-milliro-takzib-1042541962.html
Бонки миллии Тоҷикистон ташкили пули рақамиро такзиб кард
Бонки миллии Тоҷикистон ташкили пули рақамиро такзиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар мавриди ташкили пули рақамиро дар кишвар такзиб кард
2021-09-28T16:15+0500
2021-09-28T16:15+0500
2021-09-28T19:31+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пул
рақамӣ
рад шудани хабар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. БМТ мегӯяд, ҳич тасмими ташкили асъори рақамии бонки марказӣ ё худ CBDC-ро надорад. Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як раддия хабар додааст, ки бо ширкати "Fantom Foundation" дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ҳеҷ гуна шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва чунин тасмим ҳам надорад.БМТ таъкид намудааст, ки аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба "Fantom Foundation" мактуб ирсол намудааст.Ин раддия дар ҳолест, ки ахиран дар бархе сомонаҳо бо такя ба "Fantom Foundation" хабарҳое нашр гардиданд, ки дар онҳо гуфта мешуд, ин бунёд дар якҷоягӣ бо "Ориёнбонк" ва Бонки миллӣ сари ташкили асъори рақамӣ кор карда истодаанд. Аз ҷумла зикр мешуд, ки блокчейни "Fantom" барои ташкили асъори рақамии Тоҷикистон интихоб шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ин хабарҳоро такзиб намуд.
https://sputnik.tj/20210923/bonki-milli-ijozatnomai-kivi-bonk-tamdid-1042466444.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт, пули рақамӣ, ташкил, миллӣ
бмт, пули рақамӣ, ташкил, миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ташкили пули рақамиро такзиб кард
16:15 28.09.2021 (Навсозишуда: 19:31 28.09.2021) Бонки миллии Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар мавриди ташкили пули рақамиро дар кишвар такзиб кард
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. БМТ мегӯяд, ҳич тасмими ташкили асъори рақамии бонки марказӣ ё худ CBDC-ро надорад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як раддия хабар додааст, ки бо ширкати "Fantom Foundation" дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ҳеҷ гуна шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва чунин тасмим ҳам надорад.
"Маълумот дар бораи ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд",-омадааст дар раддия.
БМТ таъкид намудааст, ки аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба "Fantom Foundation" мактуб ирсол намудааст.
Ин раддия дар ҳолест, ки ахиран дар бархе сомонаҳо бо такя ба "Fantom Foundation" хабарҳое нашр гардиданд, ки дар онҳо гуфта мешуд, ин бунёд дар якҷоягӣ бо "Ориёнбонк" ва Бонки миллӣ сари ташкили асъори рақамӣ кор карда истодаанд. Аз ҷумла зикр мешуд, ки блокчейни "Fantom" барои ташкили асъори рақамии Тоҷикистон интихоб шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ин хабарҳоро такзиб намуд.