https://sputnik.tj/20210928/ahmad-masud-jabhai-muqovimat-muboriza-afghoniston-sulh-1042539985.html
Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад
Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат эълон карданд, ки дар қиёс бо “Толибон”* имкони дар Афғонистон сохтани як ҳукумати ҳамашумулро доранд
2021-09-28T14:35+0500
2021-09-28T14:35+0500
2021-09-28T19:13+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
мубориза
панҷшер
осиёи марказӣ
масъуд аҳмад
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100008_0:59:1125:692_1920x0_80_0_0_1d257c20efe17699b019b56f57e925b5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шабакаҳои "Телеграмм", ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рабт доранд, аз номи фармондеҳи саҳроӣ Аҳмад Масъуд муроҷиатномае нашр шуд, иттилоъ додааст нашрияи “Военное обозрение”.Дар муроҷиатномаи савтӣ аз номи раҳбари Панҷшер гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро бо “Толибон”* идома медиҳад ва то озод шудани Афғонистон таслим нахоҳад шуд.Ҳамзамон шарҳҳои раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар шабакаи хабарии "Al-Sharq" ба нашр расидааст.Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо ин нашрия гуфт, ки онҳо ҳокимияти “Толибон”*-ро эътироф карданӣ нестанд.Раҳбари Панҷшер афзуд, ки на мардум ва на ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати нави Афғонистон қаноатманд нестанд.Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар бораи баргузории музокироти нерӯҳои мухолифи афғон дар Душанбе ба мувофиқа расида буданд.Тавре дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, намояндагони он аллакай барои баррасии ин масъала ба Тоҷикистон омадаанд.Аммо назари “Толибон”* дар ин маврид то ҳол мушаххас нашудааст, вале ҷангҷӯён тавонистанд Тоҷикистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвар муттаҳам кунанд.* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ.
https://sputnik.tj/20210928/shohin-namoyanda-tolibon-smm-oghoz-1042539300.html
https://sputnik.tj/20210928/ghani-soleh-hukumat-afghoniston-elomi-1042537806.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100008_63:0:1063:750_1920x0_80_0_0_3763d428045e74066b741d9d3f8208e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҷабҳаи муқовимат, мубориза, идома, толибон, ҳукумат
афғонистон, ҷабҳаи муқовимат, мубориза, идома, толибон, ҳукумат
Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад
14:35 28.09.2021 (Навсозишуда: 19:13 28.09.2021) Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат эълон карданд, ки дар қиёс бо “Толибон”* имкони дар Афғонистон сохтани як ҳукумати ҳамашумулро доранд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шабакаҳои "Телеграмм", ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рабт доранд, аз номи фармондеҳи саҳроӣ Аҳмад Масъуд муроҷиатномае нашр шуд, иттилоъ додааст нашрияи “Военное обозрение”.
Дар муроҷиатномаи савтӣ аз номи раҳбари Панҷшер гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро бо “Толибон”* идома медиҳад ва то озод шудани Афғонистон таслим нахоҳад шуд.
"Агар мо муқовимат накунем, Афғонистон ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ мубаддал хоҳад шуд",-омадааст дар баёния аз номи Аҳмад Масъуд.
Ҳамзамон шарҳҳои раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар шабакаи хабарии "Al-Sharq" ба нашр расидааст.
Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо ин нашрия гуфт, ки онҳо ҳокимияти “Толибон”*-ро эътироф карданӣ нестанд.
"Мо метавонем дар Кобул ҳукумате ташкил кунем, ки сулҳи деринтизорро ба Афғонистон биёрад. Ин як ҳукуматест, ки манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолии Афғонистонро ба назар мегирад ва ҳукумати фарогир хоҳад буд",-гуфт Масъуд.
Раҳбари Панҷшер афзуд, ки на мардум ва на ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати нави Афғонистон қаноатманд нестанд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар бораи баргузории музокироти нерӯҳои мухолифи афғон дар Душанбе ба мувофиқа расида буданд.
Тавре дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, намояндагони он аллакай барои баррасии ин масъала ба Тоҷикистон омадаанд.
Аммо назари “Толибон”* дар ин маврид то ҳол мушаххас нашудааст, вале ҷангҷӯён тавонистанд Тоҷикистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвар муттаҳам кунанд.
* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ.