Осиёи Марказӣ метавонад мардуми Афғонистонро аз гуруснагию марг наҷот диҳад - видео

Обуна шудан
Сиёсатшинос шарҳ дод, ки чӣ тавр кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз буҳрони иқтисодӣ дар минтақа пешгирӣ кунанд
Дар бораи таъсири вазъи Афғонистон ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ коршиноси клуби "Валдай", сиёсатшинос Фарҳод Иброҳимов дар мусоҳиба бо Sputnik Ӯзбекистон ибрози назар кард.
Сиёсатшинос қайд кард, ки дар бораи робитаҳои ояндаи Афғонистон бо дигар кишварҳо чизе гуфтан душвор аст, зеро ҳукумати нави "Толибон"* ягон барномаи рушди иқтисодии кишварро пешниҳод накардааст.
Аз ин рӯ барои ҳамсояҳои Афғонистон роҳандозии равобит бо Кобул душвор хоҳад буд, илова намуд коршинос.
Кобул дар остонаи фақр: дар пойтахти Афғонистон маводи ғизоӣ ва доруворӣ тамом мешавад
Иброҳимов тавзеҳ дод, ки "масалан, дар ҳоли ҳозир барои Ӯзбекистон вазифаи муҳим робитаи мавҷударо вайрон накардан аст".
Иброҳимов қайд кард, ки "Толибон"* пеш аз ҳама ҳадафи касби мавқеъро дорад ва баъдан ба дигар масоил, аз ҷумла масъалаҳои иқтисодӣ машғул мешавад.
Вазъияти феълии Афғонистон аз забони Муҳаммад Муҳаққиқ - видео
Коршинос афзуд, ки "Толибон"* дар ояндаи наздик ба иқтисод машғул хоҳад шуд, зеро дар ин мамлакат сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ тамом мешавад. Ин аст, ки ҳукумати нав бояд фавран бо ҳамсояҳо робита барқарор кунад, зеро Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон метавонанд аввалин шуда, ба мардуми Афғонистон кумак кунанд.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0