Чӣ бояд хӯрду чиро пӯшид? Нашри қоидаҳои "Толибон"*

© REUTERS \ West Asia News AgencyБоец "Талибана"* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле
Боец Талибана* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Дар вилояти Каписо матни қоидаҳои муайянкардаи "Толибон"* нашр шудааст, ки аз 16 банд иборат буда, бисёри маҳдудиятҳо марбути занонанд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Комиссияи даъвати исломии ноҳияи Ниҷроби вилояти Каписо қавонини рафторро нашр кардааст, хабар дод шабакаи телеграми Sputnik Афғонистон.
Аз ҷумла барои занон ороиши мӯйи сар бо шеваҳои "амрикоӣ" ва "фаронсавӣ" мамнуъ буда, рафтан ба меҳмонӣ, вуруд ба нақлиёт ва намоз бидуни ҳиҷоб манъ аст. Дар сурати нақзи ин қоидаҳо намояндагони зан, аз ҷумла падар, модар ва бародараш муҷозот хоҳанд шуд.
Доштани телефон бо дастгоҳи наворбардорӣ барои бонувон манъ шуда, сабти фаҳш дар телефон барои ҳеҷ кас иҷозат нест.
Имомони масҷид муваззаф гардидаанд, ки моҳияти фармудаҳои Қуръону суннатро дар мавриди ҳиҷобу ҷиҳод ба мардум расонанд ва афродеро, ки намоз намехонанд, бояд рӯйхат кунанд.
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Таҳдиди “Толибон” ба Тоҷикистон: “Лашкари Мансурӣ”-ро чаро сохтанд?
Инчунин риштарошии мардон, додани туҳфа дар ҷашнҳо, аз қабили тӯй, Соли Нав ва Иди Қурбон низ мамнуъ гардидааст.
Дар феҳраст инчунин аз манъи тирпаронӣ дар тӯй зикр шуда, ғизои асосӣ дар ҷашнҳои арӯсӣ нону биринҷ муқаррар гардидааст.
Барои домод харидани тилло барои арӯс иҷозат буда, таъкид шудааст, ки андозаи маҳрро сокинони маҳаллӣ ва руҳониён муайян мекунанд.
Ҳукумати Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0