Ҷасади сокини 33-солаи пойтахт аз Кофарниҳон пайдо шуд

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкУчения спасательного отряда в водоеме, архивное фото
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Марди 33-сола, ки сокини шаҳри Душанбе буд, ба моҳидорӣ рафта, дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҷасади марди 33-солаеро пас аз ду рӯз аз ғайб заданаш дар рӯдхона пайдо ва ба пайвандонаш додаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин сокини пойтахт бегоҳии 25-уми сентябр дар дарёи Кофарниҳон моҳидорӣ мекард ва бинобар беэҳтиётӣ даруни об сарозер шудааст.
Корабли, ждущие очереди на вход в Суэцкий канал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Дар Чин киштии мусофирбар ғарқ шуд: 8 кас ҷон бохту 7 тани дигар бедарак гардид
Кормандони КҲФ-ро аз ин ҳодиса шоҳидони ҳол хабардор намудаанд, вале кори онҳо, ҳарчанд то бевақтӣ идома ёфтааст, вале дар рӯзи аввал натиҷае надодааст.
Манбаъ меафзояд, рӯзи баъдӣ наҷотбахшон ҷустуҷӯи ҷасадро идома ва билохира ҷасади ғарқшударо пайдо ва ба наздикони ӯ доданд.
Ин ниҳод мегӯяд, давоми 8 моҳи соли равон дар Тоҷикистон дастикам 129 нафар ғарқ ва 39 тан наҷот дода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0