Бархӯрди маргбори "Опел"-ҳо: Ҳар ду ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд

© SputnikСотрудники ГАИ города Худжанд
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори ду мошини "Опел" хабар додааст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта рух додааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бархӯрди ду худрав дар роҳи Душанбе - Кӯлоб бо марги ронандаҳояшон дар ҷои ҳодиса анҷомид, иттилоъ дод ВУД.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 25-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 09:10 дақиқа ба вуқуъ пайвастааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Ҳукматуллоев Нуралӣ, соли таваллудаш 1950 ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе сӯйи шаҳри Кӯлоб ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда Ғоибов Шарифхон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст", - омадааст дар иттилоия.
Дтп на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Cокини Қубодиён дар садамаи “Лексус”-и рабудааш фавтид
Дар матлаб омадааст, ронандаи 71-солаи "Опел", ки дар роҳ сӯйи Кӯлоб будааст, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба худрави таҳти идораи ронандаи 41-сола бархӯрдааст.
ВУД мегӯяд, дар натиҷа ронандаҳои автомашинаҳои мазкур Ҳукматуллоев ва Ғоибов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мақомоти умури дохилӣ изҳор медоранд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0