https://sputnik.tj/20210926/tolibon-khostori-qati-qochoqi-ohani-kuhna-1042509975.html
"Толибон"* хостори қатъи қочоқи оҳани куҳна ба кишварҳои ҳамсоя шуд
"Толибон"* хостори қатъи қочоқи оҳани куҳна ба кишварҳои ҳамсоя шуд
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи "Толибон"* хостааст, ки ба қочоқи филизоти куҳна ба кишварҳои ҳамсоя поён дода шавад
2021-09-26T21:00+0500
2021-09-26T21:00+0500
2021-09-26T21:02+0500
иқтисод
афғонистон
толибон
воридот
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042503476_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_054a1ed28ce97d301bc09fc77479c891.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии "Толибон"* ба ҷангиёни ин ҳаракат дастур додааст, ки афроди дастандаркор дар қочоқи оҳанро ба кишварҳои ҳамсоя таҳти пайгард қарор диҳанд. Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, равнақи содироти оҳани куҳна аз ин кишвар баъди берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар моҳи август оғоз шуд. Ишора шудааст, ки нерӯҳҳои амрикоӣ бо арзиши даҳҳо миллион доллар мошинолоту таҷҳизҳотро раҳо карданд. Таъкид гардидааст, ки ин олоту таҷҳизот мавриди таваҷҷуҳи фурӯшандаҳои оҳану маҳсулоти филизӣ қарор гирифтаанд. Комиссиюни аморати исломии эълонкардаи "Толибон"* содироти оҳанро мамнӯъ кард, аммо дар амал ин қарор рияо намешавад, таъкид шудааст дар матлаб. Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210926/tolibon-rishtaroshi-muysargirii-mamnu-1042509807.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042503476_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_b3191bab65fad8b87ca43f30a3925324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, қатъ, хостор, оҳан
толибон, қатъ, хостор, оҳан
"Толибон"* хостори қатъи қочоқи оҳани куҳна ба кишварҳои ҳамсоя шуд
21:00 26.09.2021 (Навсозишуда: 21:02 26.09.2021) Гуруҳи "Толибон"* хостааст, ки ба қочоқи филизоти куҳна ба кишварҳои ҳамсоя поён дода шавад
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии "Толибон"* ба ҷангиёни ин ҳаракат дастур додааст, ки афроди дастандаркор дар қочоқи оҳанро ба кишварҳои ҳамсоя таҳти пайгард қарор диҳанд. Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, равнақи содироти оҳани куҳна аз ин кишвар баъди берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар моҳи август оғоз шуд.
Ишора шудааст, ки нерӯҳҳои амрикоӣ бо арзиши даҳҳо миллион доллар мошинолоту таҷҳизҳотро раҳо карданд. Таъкид гардидааст, ки ин олоту таҷҳизот мавриди таваҷҷуҳи фурӯшандаҳои оҳану маҳсулоти филизӣ қарор гирифтаанд.
Комиссиюни аморати исломии эълонкардаи "Толибон"* содироти оҳанро мамнӯъ кард, аммо дар амал ин қарор рияо намешавад, таъкид шудааст дар матлаб.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар