"Одамрабоӣ карданд": Толибон* ҷузъиёти овехтану миёни мардум гардондани ҷасадҳоро шарҳ дод

© AP / Felipe DanaБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Обуна шудан
"Толибон"* пас аз овехтани чанд нафар ҷасади онҳоро дар чангаки кран миёни сокинони шаҳри Ҳирот давр заданд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар шаҳри Ҳирот ҳодисаи даҳшатбор рух дод. Ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* чанд нафар мардро намоишкорона дар маркази шаҳр овехта, сипас ҷасади онҳоро дар чангаки кран гузошта, гирдогирди шаҳр "чархонданд".
Наворҳо аз лаҳзаи овехтану гирди шаҳр гардондани ҷасадҳои овехта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Иҷрои ваъдаҳо: “Толибон” чаҳор фардро дар Ҳирот эъдом карданд
Бар тибқи маълумоти расида, эъдомшудаҳо мардоне буданд, ки ба ҷурми содир намудани ҷинояти одамрабоӣ муттаҳам дониста мешуданд.
Гуфта мешавад, чаҳор одамрабо дар чорроҳаи Мостофит, Човк Голха, Дарби Малик ва Дарби Ироқ ба дор овехта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, муовини губернатори вилояти Ҳирот, мавлавӣ Шер Аҳмад Умар Муҳоҷир бо хабаргузории Aamaj News ҷузъиёти ин ҳодисаро чунин шарҳ дод:
"Ҷасади одамрабоёнро дар чорроҳа овезон кардем, то ин ки барои дигарон дарс шавад".
Ба гуфтаи ӯ, ин ҷинояткорон қаблан як соҳибкор замроҳи писарашро дар Ҳирот рабуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш "Толибон"* эълон намуданд, ки эъдому буридани дасту поро дар Афғонистон шояд дубора оғоз кунанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0