https://sputnik.tj/20210926/tojikiston-duumin-kitob-jonibdori-ahmad-masud-1042498221.html
Дар Тоҷикистон дуюмин китоб ба ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд чоп шуд
Дар Тоҷикистон дуюмин китоб ба ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд чоп шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нашриёти “Адиб” дар ояндаи наздик нашри маҷмӯаи насриву публитсистиро низ дар ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар назар дорад. 26.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-26T09:00+0500
2021-09-26T09:00+0500
2021-09-26T09:13+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
афғонистон
китоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_0:113:2048:1265_1920x0_80_0_0_9069c058451e9e5ae7cfb6adc7c6b436.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. "Ҳамосаи Панҷшер" дуюмин китобест, ки дар Тоҷикистон ба хотири ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд ба Ҷабҳаи Муқовимат ба табъ мерасад.Ин китобро нашриёти "Адиб" - и вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба нашр расондааст, ки маҷмӯаи ашъори шоирони форсизабон дар ситоиши Ҷабҳаи Муқовиматро дарбар дорад.Хабари интишор шудани китоби "Ҳамосаи Панҷшер" - ро хабарнигори тоҷик, Одил Нозир дар сафҳаи Facebook -ии худ эълон карда, навиштааст, ки он бо ташаббуси муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар омодаи нашр шуда, шоир Беҳрӯзи Забеҳулло мураттиби он мебошад.Номбурда аз қавли Давлат Сафар навиштааст, ки нашриёти “Адиб” дар ояндаи наздик нашри маҷмӯаи насриву публитсистиро низ дар ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар назар дорад.Дар ин шабу рӯз дар баробари “Ҳамосаи Панҷшер” дар Душанбе маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” низ ба нашр расид, ки паёми аҳли зиё ва ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд аст.
https://sputnik.tj/20210923/kongressi-ima-muqovimat-masud-pushtibon-1042452135.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_106:0:1943:1378_1920x0_80_0_0_4af615a40b15c94a885a987d30bdb3f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, афғонистон, китоб
дар тоҷикистон, фарҳанг, афғонистон, китоб
Дар Тоҷикистон дуюмин китоб ба ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд чоп шуд
09:00 26.09.2021 (Навсозишуда: 09:13 26.09.2021) Нашриёти “Адиб” дар ояндаи наздик нашри маҷмӯаи насриву публитсистиро низ дар ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар назар дорад.
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. "Ҳамосаи Панҷшер" дуюмин китобест, ки дар Тоҷикистон ба хотири ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд ба Ҷабҳаи Муқовимат ба табъ мерасад.
Ин китобро нашриёти "Адиб" - и вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба нашр расондааст, ки маҷмӯаи ашъори шоирони форсизабон дар ситоиши Ҷабҳаи Муқовиматро дарбар дорад.
Хабари интишор шудани китоби "Ҳамосаи Панҷшер" - ро хабарнигори тоҷик, Одил Нозир дар сафҳаи Facebook -ии худ эълон карда, навиштааст, ки он бо ташаббуси муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар омодаи нашр шуда, шоир Беҳрӯзи Забеҳулло мураттиби он мебошад.
Номбурда аз қавли Давлат Сафар навиштааст, ки нашриёти “Адиб” дар ояндаи наздик нашри маҷмӯаи насриву публитсистиро низ дар ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар назар дорад.
Дар ин шабу рӯз дар баробари “Ҳамосаи Панҷшер” дар Душанбе маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” низ ба нашр расид, ки паёми аҳли зиё ва ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд аст.