Қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши хона дар Душанбе

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши хона хабар додааст
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Марди 40-солаи сокини Душанбе ба идораи милиса муроҷиат намуда, арз доштааст, сокини 34-солаи пойтахт аз ӯ маблағ гирифта, ба иваз хонаашро ваъда кардааст, аммо на пулу на хонаро надодааст.
ВУД аз қавли муроҷиаткунанда хабар додааст, ки ҳодиса моҳи октябри соли 2019 рух дода, марди муттаҳам аз ҷабрдида 48 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиашро медиҳад. Аммо на хонаю на маблағашро надодааст.
Авторынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Боз қаллобӣ дар мошинбозор: Бо нархи гарон нася мегирифту арзон мефурӯхт
Инчунин ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз доштаст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 44-сола, сокини шаҳри Ҳисор аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки муттаҳам пулро гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои сохтмонаш нотамом хонаи истиқоматӣ медиҳад, аммо фиреб додаст. Дар мавриди маблағҳо ВУД изҳор доштааст, ки онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0