https://sputnik.tj/20210925/tolibon-jangjuyon-viloyati-hammarz-tojikiston-ravon-1042494358.html
“Толибон”* ҷангҷӯёнашро ба вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон равон карданд
“Толибон”* ҷангҷӯёнашро ба вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон равон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи “Толибон”* беш аз ҳазор ҷангҷӯ ва нерӯҳои махсусашроба вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон равон кард
2021-09-25T17:30+0500
2021-09-25T17:30+0500
2021-09-25T17:30+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
марз
тахор
нерӯҳо
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680631_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4ea3cd66e12967392b58fb2e7693e1a2.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. “Толибон”* эълом карданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсусри худро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, равон кардаанд, иттилоъ додааст РИА Новости. Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, ин тадбир барои рафъи таҳдидҳои амниятӣ сурат гирифтааст.Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаҳои худ ба нерӯҳои давлатӣ дар Афғонистонро афзоиш доданд ва санаи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар кишвар ба охир расидааст.Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, баровардани оммавии шаҳрвандони киварҳои ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ комилан фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро поён ёфт. Рӯзи 6 сентябр Толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояте, ки таҳти контроли ин гурӯҳ набуд, бо ҷангҳои шадид таҳти назорати онҳо қарор гирифт.Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки роҳбарии он бар души Муҳаммад Ҳасан Охунд гузашт, ки дар давраи ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210925/masud-tolibon-afghonistonro-makoni-terrorizm-1042493461.html
афғонистон
тахор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680631_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_54ded526b58e0facad7ec8efcb1e52bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, толибон, нерӯҳо, равон, тахор
тоҷикистон, афғонистон, толибон, нерӯҳо, равон, тахор
“Толибон”* ҷангҷӯёнашро ба вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон равон карданд
Гурӯҳи “Толибон”* беш аз ҳазор ҷангҷӯ ва нерӯҳои махсусашроба вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон равон кард
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. “Толибон”* эълом карданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсусри худро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, равон кардаанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
"Даҳҳо нирӯҳои вижаи Имороти Исломӣ (низоми сиёсии худкомаи Толибон) дар вилояти Тахор даҳҳо ҳазор нерӯҳои вижаи “Толибон”*, ки ин минтақа фиристода шуданд ҷойгир карда шудаанд", - гуфт сухангӯи ин гурӯҳ Забеуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифаи Твиттериаш.
Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, ин тадбир барои рафъи таҳдидҳои амниятӣ сурат гирифтааст.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаҳои худ ба нерӯҳои давлатӣ дар Афғонистонро афзоиш доданд ва санаи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар кишвар ба охир расидааст.
Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, баровардани оммавии шаҳрвандони киварҳои ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ комилан фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро поён ёфт. Рӯзи 6 сентябр Толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояте, ки таҳти контроли ин гурӯҳ набуд, бо ҷангҳои шадид таҳти назорати онҳо қарор гирифт.
Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки роҳбарии он бар души Муҳаммад Ҳасан Охунд гузашт, ки дар давраи ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.