https://sputnik.tj/20210925/mehmondor-bin-lodan-vazir-panjsheri-tolibon-1042489797.html
“Соҳибхонаи бин Лодан ва шарики Қорӣ Фасеҳуддин”: вазири Панҷшерии “Толибон”* кист?
“Соҳибхонаи бин Лодан ва шарики Қорӣ Фасеҳуддин”: вазири Панҷшерии “Толибон”* кист?
Sputnik Тоҷикистон
Таҳрики "Толибон”* тоҷир ё соҳибкор Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, маъруф ба Ҳоҷӣ Нуриддин, як зодаи дараи Панҷшерро сарпарасти вазорати тиҷорати ҳукумати хеш эълон кард 25.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-25T13:30+0500
2021-09-25T13:30+0500
2021-10-13T13:16+0500
гурӯҳи террористии "толибон"
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
панҷшер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/19/1042490589_0:42:640:401_1920x0_80_0_0_531b13e4fcb2e71cb4c8e9233be936d3.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар баробари ӯ шахсе ба номи доктор Қаландар Ибод сарпарасти вазорат тандурустӣ низ таъйин шуд, ки гуфта мешавад, аз ӯзбекҳои Сарипул аст. Ба ҳамин минвол, дар ҳукумати “Толибон”* теъдоди ғайрипаштунҳо ба панҷ нафар расид. Азизӣ дувумин вазири тоҷик ва аввалин вазири панҷшерӣ дар он аст.Қабл аз ин ду Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод, аз тоҷикони Бадахшон ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми сарвазир, аз ӯзбекҳои вилояти Форёб, дар кобинаи “Толибон”* муаррифӣ шуда буданд.Як тани дигар Қорӣ Фасеҳуддин, дигар зодаи Бадахшон аст, ки сардори Ситоди кулл ё луидиристизи вазорати дифоъи Иморати исломии “Толибон”* таъин шудааст.Ёфтаҳои Sputnik Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Ҳоҷӣ Нуриддин бо ин афрод аз як доира буда, ҳамагӣ як гузаштаву имрӯзи муштарак ва ҳатто як пуштибон доранд.Ҳамсафони ҲикматёрҶустуҷӯ дар интернет дар бораи соҳибкоре ба номи Ҳоҷӣ Нуриддин ҳеҷ ривояте аз зиндагӣ ва кистиву чистии ӯ ба даст намедиҳад. Аммо афроде, ки ӯро хуб мешиносанд, иттилои ҷолиберо дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд. Ин иттилоот ривоят аз як рӯзгори ҷолиби таваҷҷуҳи ин чеҳраи мутафовит дар миёни раҳбарони Панҷшер - гаҳвораи муқовамат алайҳи “Толибон”* - у терроризми байнулмилалӣ мекунанд.Нуриддин Азизӣ, фарзанди Гулбиддин, зодаи рустои Дашти Ривоти вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер аст, ки тақрибан 55 сол дорад. Дашти Ривот аз аввалин қароргоҳҳои Аҳмадшоҳ Масъуд дар шурӯъи ҷиҳод алайҳ Иттиҳод Шӯравӣ ва бошандагони он аз ҷумлаи аввалин муҷоҳидини ӯ буданд.Аммо хонаводаи Азизӣ аз ҳамон айём роҳашро аз Масъуд ҷудо намуда, дар сафи Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр – рақиби сарсахти Масъуд қарор гирифт ва ошкору пинҳон бо ӯ мухолифат мекард. Аммо Масъуд ҳеҷ гоҳ ба нобуди онҳо иқдом накард ва танҳо коре, ки анҷом дод, дур нигоҳ доштани онҳо аз умури дараи Панҷшер буд.Гадо Муҳаммад Холид, маъруф ба фармондеҳ Гадо, яке аз фармондеҳон барҷастаи Масъуд низ аз аъзои хонаводаи Азизӣ буд. Аммо баръакси онҳо Гадо аз аввал то охир дар канор Масъуд боқӣ монд ва аз бозувони қавиву афроди маврид эътимод ӯ ба ҳисоб мерафт.Шахсе, ки зоҳиран иртиботи сиёсии хонаводаи Азизиро бо Ҳикматёр ва ISI – Созмони истихбороти Покистон - рақам зад, Ҳоҷӣ Ҳабибуддин, бародари бузурги Ҳоҷӣ Нуриддин буд. Мавсуф дар оғози ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва режими коммунистии Афғонистон ба шаҳри Пешовари Покистон рафта, соли 1986 як мадрасаеро ба ном“Зиё-ул-мадорис” таъсис дод.“Зиё-ул-мадорис”Ин мадраса таҳт пуштибони Созмон истихборотии Покистон (isi) ва бо маболиғи кишварҳои Халиҷ фаъолият мекард. Дар он фарзандони муҳоҷирини Афғонистон, бахусус, ғайрипаштунҳо ҷалб шуда, барномаи дарсӣ тибқи омӯзаҳои ҷараёни девбандӣ таҳия мешуд. Ин мадраса зоҳиран таълимоти мазҳаби ҳанафии дини ислом, аммо амалан ақидаҳои салафиро ба шогирдон дарс медод. Ба иборати дигар, дар либоси мазҳаби ҳанафӣ таълими салафияро ба роҳ монда буд.Садҳо нафар аз омӯзишдидаҳои “Зиё-ул-мадорис” бъдтар ба “Толибон”* пайвастанд, ки аъзои ғайрипаштуни ҳукумати кунунии “Толибон”* - Абдусалом Ҳанафӣ, муовин сарвазир ва Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод аз ҷумлаи онҳоянд.“Ватандор”Хонаводаи Азизӣ дар зуҳури аввалияи “Толибон”* дар солҳои 90 ба ин гуруҳ пайваст. Бародари бузургашон Ҳоҷӣ Ҳабибуддин дар соли 1996 ҳамагӣ чанд рӯз дар вазифаи раиси истихбороти “Толибон”* кор кард. Аммо дар ҳамлаи аввали толибҳо бар Даҳанаи Панҷшер мушкиле барояш пайдо шуд ва асабҳояшро аз даст дод.Мегӯянд, толибони қандаҳорӣ вақте аз нерӯҳои Масъуд дар Даҳанаи Панҷшер шикаст хӯрда, ақибнишинӣ мекарданд, дар минтақае миёни Гулбаҳору Ҷабалуссироҷ бо Ҳоҷӣ Ҳабибуддин муқобил шуданд. Мавсуф ба онҳо рӯ оварда, мепурсад: “Зӯри ватандорони панҷшерии ман чӣ тур буда?”.Ин суханони ӯро толибони қандаҳорӣ масхара пиндошта, сахт ба хашму ғазаб меоянд ва яке аз онҳо бо кундоқи “Калашников” ба сари Ҳабибуддин мезанад, ки дар пайи он девона мешавад ва то лаҳзаи марг мушкили аъсоб дошт. Ў ду сол пеш вафот кард.“Тоҷир”Дар бораи тиҷорати Ҳоҷӣ Нуриддин ва хонаводааш низ маълумоти муфассал дар даст нест. Аммо ин маълумот вуҷуд дорад, ки онҳо шарики қочоқ лаълу лоҷуварди Бадахшон ва зумурради Панҷшер бо Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи “Толибон”* - анд. Ин гуруҳ дар истихроҷи маодини тилои Бадахшон низ саҳму нақши фаъол доранд ва аз он бобат яке аз тамвилкунандагони бузурги молии ҷанги “Толибон” ба шумор меоянд.Сарпарасти вазорати тиҷорати “Толибон”*-у бародаронаш дар шаҳрҳои Исломободу Пешовар мулкиятҳои бисёр калон доранд, ки бидуни доштани робита бо ISI доштани чунин мулкиятҳо дар қаламрави Покистон барои тоҷикони Афғонистон, бахусус, панҷшериҳо номумкин аст.Манобеъ мегӯянд, ҳамон бино дар Ҳибатободи Исломобод, ки дар он Усома ибни Лодан кушта шуд, дар паҳлуи хонаи Ҳоҷӣ Нуриддин воқеъ буд ва ҳатто хонаи ибни Лодан низ аз онҳо аст.“Ҳукумати ҳамашумул”Нуктаи дигари ҷолиб дар қиссаи Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ ин аст, ки таъйини ӯ ба симати сарпарасти вазорати тиҷорати Афғонистон дар пайи сафари Имрон Хон, сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ва ваъдаи ӯ дар бораи рӯи кор овардани як ҳукумати ҳамашумули иборат аз тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбакҳо ва дигар ақаллиятҳои миллии Афғонистон сурат мегирад.Ду ғайрипаштун - Ҳоҷӣ Нуриддини тоҷик ва Қаландар Ибоди ӯзбек, ки низ фарди комилан ношинохта аст, зоҳиран ҳукумати “Толибон”* – ро ҳамашумултар ба намоиш мегузоранд, аммо дида мешавад, ки сари таъйини онҳо аз чӣ меъёрҳое кор гирифта шудааст.Дар ҳоле, ки ин ду ба маслиҳати Покистон дар ҳукумати “Толибон”* таъйин шуда бошанд, пас метавон биниши ин кишварро аз “ҳукумати ҳамашумул” дар Афғонистон таъриф кард. Зоҳиран ғайрипаштун, аммо дар асл парвардаҳо ва ҳарфшунавҳои худи Покистон, ки бо паштунҳо як маъмуриятро барои ин кишвар иҷро мекунанд.* - Гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210921/tolibon-tayin-hukumat-panjsher-saripul-1042399306.html
https://sputnik.tj/20210925/imron-khon-jomeai-jahoni-afghoniston-himoyat-1042490133.html
https://sputnik.tj/20210925/pidrom-masud-tojikiston-afghoniston-1042487952.html
https://sputnik.tj/20210924/dastur-vazorati-difoi-tolibon-afv-rioya-1042482728.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/19/1042490589_0:0:640:479_1920x0_80_0_0_33312163f237a6a2168060c4386d0e9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гурӯҳи террористии "толибон", афғонистон, толибон, панҷшер
гурӯҳи террористии "толибон", афғонистон, толибон, панҷшер
“Соҳибхонаи бин Лодан ва шарики Қорӣ Фасеҳуддин”: вазири Панҷшерии “Толибон”* кист?
13:30 25.09.2021 (Навсозишуда: 13:16 13.10.2021) Таҳрики "Толибон”* тоҷир ё соҳибкор Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, маъруф ба Ҳоҷӣ Нуриддин, як зодаи дараи Панҷшерро сарпарасти вазорати тиҷорати ҳукумати хеш эълон кард
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар баробари ӯ шахсе ба номи доктор Қаландар Ибод сарпарасти вазорат тандурустӣ низ таъйин шуд, ки гуфта мешавад, аз ӯзбекҳои Сарипул аст. Ба ҳамин минвол, дар ҳукумати “Толибон”* теъдоди ғайрипаштунҳо ба панҷ нафар расид. Азизӣ дувумин вазири тоҷик ва аввалин вазири панҷшерӣ дар он аст.
Қабл аз ин ду Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод, аз тоҷикони Бадахшон ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми сарвазир, аз ӯзбекҳои вилояти Форёб, дар кобинаи “Толибон”* муаррифӣ шуда буданд.
Як тани дигар Қорӣ Фасеҳуддин, дигар зодаи Бадахшон аст, ки сардори Ситоди кулл ё луидиристизи вазорати дифоъи Иморати исломии “Толибон”* таъин шудааст.
Ёфтаҳои Sputnik Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Ҳоҷӣ Нуриддин бо ин афрод аз як доира буда, ҳамагӣ як гузаштаву имрӯзи муштарак ва ҳатто як пуштибон доранд.
Ҷустуҷӯ дар интернет дар бораи соҳибкоре ба номи Ҳоҷӣ Нуриддин ҳеҷ ривояте аз зиндагӣ ва кистиву чистии ӯ ба даст намедиҳад. Аммо афроде, ки ӯро хуб мешиносанд, иттилои ҷолиберо дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд. Ин иттилоот ривоят аз як рӯзгори ҷолиби таваҷҷуҳи ин чеҳраи мутафовит дар миёни раҳбарони Панҷшер - гаҳвораи муқовамат алайҳи “Толибон”* - у терроризми байнулмилалӣ мекунанд.
Нуриддин Азизӣ, фарзанди Гулбиддин, зодаи рустои Дашти Ривоти вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер аст, ки тақрибан 55 сол дорад. Дашти Ривот аз аввалин қароргоҳҳои Аҳмадшоҳ Масъуд дар шурӯъи ҷиҳод алайҳ Иттиҳод Шӯравӣ ва бошандагони он аз ҷумлаи аввалин муҷоҳидини ӯ буданд.
Аммо хонаводаи Азизӣ аз ҳамон айём роҳашро аз Масъуд ҷудо намуда, дар сафи Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр – рақиби сарсахти Масъуд қарор гирифт ва ошкору пинҳон бо ӯ мухолифат мекард. Аммо Масъуд ҳеҷ гоҳ ба нобуди онҳо иқдом накард ва танҳо коре, ки анҷом дод, дур нигоҳ доштани онҳо аз умури дараи Панҷшер буд.
Гадо Муҳаммад Холид, маъруф ба фармондеҳ Гадо, яке аз фармондеҳон барҷастаи Масъуд низ аз аъзои хонаводаи Азизӣ буд. Аммо баръакси онҳо Гадо аз аввал то охир дар канор Масъуд боқӣ монд ва аз бозувони қавиву афроди маврид эътимод ӯ ба ҳисоб мерафт.
Шахсе, ки зоҳиран иртиботи сиёсии хонаводаи Азизиро бо Ҳикматёр ва ISI – Созмони истихбороти Покистон - рақам зад, Ҳоҷӣ Ҳабибуддин, бародари бузурги Ҳоҷӣ Нуриддин буд. Мавсуф дар оғози ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва режими коммунистии Афғонистон ба шаҳри Пешовари Покистон рафта, соли 1986 як мадрасаеро ба ном“Зиё-ул-мадорис” таъсис дод.
Ин мадраса таҳт пуштибони Созмон истихборотии Покистон (isi) ва бо маболиғи кишварҳои Халиҷ фаъолият мекард. Дар он фарзандони муҳоҷирини Афғонистон, бахусус, ғайрипаштунҳо ҷалб шуда, барномаи дарсӣ тибқи омӯзаҳои ҷараёни девбандӣ таҳия мешуд. Ин мадраса зоҳиран таълимоти мазҳаби ҳанафии дини ислом, аммо амалан ақидаҳои салафиро ба шогирдон дарс медод. Ба иборати дигар, дар либоси мазҳаби ҳанафӣ таълими салафияро ба роҳ монда буд.
Садҳо нафар аз омӯзишдидаҳои “Зиё-ул-мадорис” бъдтар ба “Толибон”* пайвастанд, ки аъзои ғайрипаштуни ҳукумати кунунии “Толибон”* - Абдусалом Ҳанафӣ, муовин сарвазир ва Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод аз ҷумлаи онҳоянд.
Хонаводаи Азизӣ дар зуҳури аввалияи “Толибон”* дар солҳои 90 ба ин гуруҳ пайваст. Бародари бузургашон Ҳоҷӣ Ҳабибуддин дар соли 1996 ҳамагӣ чанд рӯз дар вазифаи раиси истихбороти “Толибон”* кор кард. Аммо дар ҳамлаи аввали толибҳо бар Даҳанаи Панҷшер мушкиле барояш пайдо шуд ва асабҳояшро аз даст дод.
Мегӯянд, толибони қандаҳорӣ вақте аз нерӯҳои Масъуд дар Даҳанаи Панҷшер шикаст хӯрда, ақибнишинӣ мекарданд, дар минтақае миёни Гулбаҳору Ҷабалуссироҷ бо Ҳоҷӣ Ҳабибуддин муқобил шуданд. Мавсуф ба онҳо рӯ оварда, мепурсад: “Зӯри ватандорони панҷшерии ман чӣ тур буда?”.
Ин суханони ӯро толибони қандаҳорӣ масхара пиндошта, сахт ба хашму ғазаб меоянд ва яке аз онҳо бо кундоқи “Калашников” ба сари Ҳабибуддин мезанад, ки дар пайи он девона мешавад ва то лаҳзаи марг мушкили аъсоб дошт. Ў ду сол пеш вафот кард.
Дар бораи тиҷорати Ҳоҷӣ Нуриддин ва хонаводааш низ маълумоти муфассал дар даст нест. Аммо ин маълумот вуҷуд дорад, ки онҳо шарики қочоқ лаълу лоҷуварди Бадахшон ва зумурради Панҷшер бо Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи “Толибон”* - анд. Ин гуруҳ дар истихроҷи маодини тилои Бадахшон низ саҳму нақши фаъол доранд ва аз он бобат яке аз тамвилкунандагони бузурги молии ҷанги “Толибон” ба шумор меоянд.
Сарпарасти вазорати тиҷорати “Толибон”*-у бародаронаш дар шаҳрҳои Исломободу Пешовар мулкиятҳои бисёр калон доранд, ки бидуни доштани робита бо ISI доштани чунин мулкиятҳо дар қаламрави Покистон барои тоҷикони Афғонистон, бахусус, панҷшериҳо номумкин аст.
Манобеъ мегӯянд, ҳамон бино дар Ҳибатободи Исломобод, ки дар он Усома ибни Лодан кушта шуд, дар паҳлуи хонаи Ҳоҷӣ Нуриддин воқеъ буд ва ҳатто хонаи ибни Лодан низ аз онҳо аст.
Нуктаи дигари ҷолиб дар қиссаи Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ ин аст, ки таъйини ӯ ба симати сарпарасти вазорати тиҷорати Афғонистон дар пайи сафари Имрон Хон, сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ва ваъдаи ӯ дар бораи рӯи кор овардани як ҳукумати ҳамашумули иборат аз тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбакҳо ва дигар ақаллиятҳои миллии Афғонистон сурат мегирад.
Ду ғайрипаштун - Ҳоҷӣ Нуриддини тоҷик ва Қаландар Ибоди ӯзбек, ки низ фарди комилан ношинохта аст, зоҳиран ҳукумати “Толибон”* – ро ҳамашумултар ба намоиш мегузоранд, аммо дида мешавад, ки сари таъйини онҳо аз чӣ меъёрҳое кор гирифта шудааст.
Дар ҳоле, ки ин ду ба маслиҳати Покистон дар ҳукумати “Толибон”* таъйин шуда бошанд, пас метавон биниши ин кишварро аз “ҳукумати ҳамашумул” дар Афғонистон таъриф кард. Зоҳиран ғайрипаштун, аммо дар асл парвардаҳо ва ҳарфшунавҳои худи Покистон, ки бо паштунҳо як маъмуриятро барои ин кишвар иҷро мекунанд.
* - Гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.