https://sputnik.tj/20210925/energetika-kishovarzi-muhriddin-smm-1042495615.html
Аз энергетика то кишоварзӣ: Муҳриддин дар СММ аз чӣ гуфт
Аз энергетика то кишоварзӣ: Муҳриддин дар СММ аз чӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аҳамияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор медонад
2021-09-25T19:30+0500
2021-09-25T19:30+0500
2021-09-25T19:30+0500
дар тоҷикистон
энергетика
смм
кишоварзӣ
суханронӣ
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545305_0:467:2048:1619_1920x0_80_0_0_cf4577fb35199f39996cc42c0b26492c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ахиран дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика иштирок ва суханронӣ намуд. иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.манбаъ хабар додааст, ки муколамаи мазкур, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш танзим гардид, барои баррасии дурнамо ва имкониятҳо барои суръат бахшидани кӯшишҳо барои таъмини энергияи дастрасу тоза барои ҳама заминаро фароҳам овард.Гуфта шудааст, ки дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ аҳамияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор таъкид намуда, ба ширкаткунандагони ҳамоиши сатҳи баланд оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар ин самт маълумот дод.Ҳамзамон, дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Саммити СММ оид ба низомҳои озуқаворӣ иштирок ва суханронӣ намуд.манбаъ таъкид доштааст, ки ҳамоиши сатҳи баланд барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари роҳбарони давлату ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷуғрофии минтақавӣ ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ имконият фароҳам овард.Вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни суханрониаш аз аҳамияти рушди соҳаи кишоварзиро тавассути истифодаи фанновариҳои нав ҷиҳати коҳиши таъсири манфии омилҳои мухталиф ба муҳити зист ва роҳандозии иқтисоди сабз таъкид карда, ба иштирокдорони саммит роҷеъ ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, хусусан дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот дод.
https://sputnik.tj/20210924/rahmon-tojikistonro-uzviyat-shuro-amniyat-smm-1042469745.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545305_0:275:2048:1811_1920x0_80_0_0_6444cc08ab2c83dc3a5ae78b844a9097.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, сироҷиддин муҳриддин, энергетика, кишоварзӣ, суханронӣ
тоҷикистон, смм, сироҷиддин муҳриддин, энергетика, кишоварзӣ, суханронӣ
Аз энергетика то кишоварзӣ: Муҳриддин дар СММ аз чӣ гуфт
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аҳамияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор медонад
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ахиран дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика иштирок ва суханронӣ намуд. иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
манбаъ хабар додааст, ки муколамаи мазкур, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш танзим гардид, барои баррасии дурнамо ва имкониятҳо барои суръат бахшидани кӯшишҳо барои таъмини энергияи дастрасу тоза барои ҳама заминаро фароҳам овард.
Гуфта шудааст, ки дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ аҳамияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор таъкид намуда, ба ширкаткунандагони ҳамоиши сатҳи баланд оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар ин самт маълумот дод.
Ҳамзамон, дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Саммити СММ оид ба низомҳои озуқаворӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
манбаъ таъкид доштааст, ки ҳамоиши сатҳи баланд барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари роҳбарони давлату ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷуғрофии минтақавӣ ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ имконият фароҳам овард.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни суханрониаш аз аҳамияти рушди соҳаи кишоварзиро тавассути истифодаи фанновариҳои нав ҷиҳати коҳиши таъсири манфии омилҳои мухталиф ба муҳити зист ва роҳандозии иқтисоди сабз таъкид карда, ба иштирокдорони саммит роҷеъ ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, хусусан дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот дод.