https://sputnik.tj/20210925/ahmadzoda-sughd-jalbi-sarmoya-korkhona-mushtarak-1042495094.html
Аҳмадзода: Суғд ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад
Аҳмадзода: Суғд ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар дидор бо мудири намояндагии Бонки рушди АвруОсиё раиси вилоятти Суғд гуфт, виоят ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад
2021-09-25T19:00+0500
2021-09-25T19:00+0500
2021-09-25T19:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
раҷаббой аҳмадзода
мулоқот
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_266246396e86b06dd957fd74f1142d98.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд дидору мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Николай Никулин, директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат тарафҳо дар бораи таҳкими муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мубодилаи афкор карданд.“Айни замон дар вилояти Суғд беш аз 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст”, - таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар вилоят захираву имкониятҳо барои рушди бештари иқтисодиёт фаровон буда, ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият дода мешавад.Дар ҳамин ҳол, Николай Никулин иброз доштааст, ки замони сафар ба вилояти Суғд аз як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид кардааст ва таъкид доштааст, ки воқеан дар минтақа барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак имконоти истифоданашуда зиёд аст.Қайд шудааст, ки ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳоро баррасӣ ва барои ҷалби сармоя ба соҳаи саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву меваҷот, коркарди чарм табодули назар карданд.
https://sputnik.tj/20210922/man-sodirot-tukhm-sughd-bozor-dokhili-1042429477.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_131:0:1268:853_1920x0_80_0_0_e47b8bd98a0da3e97ea0259f67fcc7c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, корхона, сармоягузорӣ, бонки руди авруосиё, мулоқот
тоҷикистон, суғд, корхона, сармоягузорӣ, бонки руди авруосиё, мулоқот
Аҳмадзода: Суғд ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад
Дар дидор бо мудири намояндагии Бонки рушди АвруОсиё раиси вилоятти Суғд гуфт, виоят ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд дидору мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Николай Никулин, директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат тарафҳо дар бораи таҳкими муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мубодилаи афкор карданд.
“Айни замон дар вилояти Суғд беш аз 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст”, - таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар вилоят захираву имкониятҳо барои рушди бештари иқтисодиёт фаровон буда, ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Николай Никулин иброз доштааст, ки замони сафар ба вилояти Суғд аз як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид кардааст ва таъкид доштааст, ки воқеан дар минтақа барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак имконоти истифоданашуда зиёд аст.
Қайд шудааст, ки ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳоро баррасӣ ва барои ҷалби сармоя ба соҳаи саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву меваҷот, коркарди чарм табодули назар карданд.