Тамрини тактирандозони Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон: туфанги "Корд-М" чӣ манфиат дорад

© Sputnik / Константин Морозов / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий разведывательных подразделений во время тактико-специальных учений, архивное фото
Военнослужащий разведывательных подразделений во время тактико-специальных учений, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Дар размоишгоҳи кӯҳии Лоҳур, наздик ба марзи Афғонистон тактирандозони пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аз тариқи “Корд-М” тирандозӣ карданд. Мизони омодагии мутахассисон ва вижагиҳои навтарин силоҳ ба шароити сахт ва таҳдидҳои эҳтимолӣ дар ҷануб посухгӯ мебошанд.
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар шароити наздик ба набард тактирандозҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар размоишгоҳ туфанги қутрбузурги "Корд-М" мавриди имтиҳон қарор доданд. Бурди ҳадди аксари ин имтиҳон 2000 метрро ташкил медод. Ҳадаф аз байн бурдан, хаста кардан ва фишор овардан бар аҳдофи фардӣ ва гурӯҳӣ аз тарафи ду тактирандоз дар масофаҳои мухталиф буд. Қаблан тактирандозон дар робита ба пинҳонсозии мавозеи аслии аслӣ ва ҷаълӣ омода шуда, аз тариқи дастгоҳи ҷосусӣ аҳдофи шилликро шиносоӣ карданд.
Дар размоишҳо мутахассисон маҳорати худро такмил медиҳанд. Дар ҳоли наздик шудан ба гурӯҳи “рақиб” тактирандозон дар қадами аввал бояд воҳидҳои аслиии мошинҳои зиреҳиро хароб ва ҳайати фармондеҳии ҷангҷӯёнро аз байн баранд, дар ҳоле ки худ дар ҷое бояд макон гузинанд, ки кушта нашаванд. Истифода аз дастгоҳҳои назорат дар шабу дар рӯз, пинҳон кардани мавозеи ҷангӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи маҳаллӣ аз аҳамияти хосе бархурдор аст. Аммо иҷрои ин амал бо доштани туфанги бузурги "Корд-М", ки қутраш 12,7 мм аст, кори осоне нест.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Машқи муштараки низомиёни се кишвар дар наздикии марзи Афғонистон: аксҳо аз Ҳарб-Майдон
Ин размоишҳо хеле муҳиманд, зеро пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО ва ИМА аз Афғонистон ташаннуҷи авзоъ ва фаъол шудани созмонҳои байналмилалии террористӣ дар минтақаи Осёи Марказӣ ба назар мерасад.
Фармондеҳи Округи низомии марказии Русия (пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро низ шомил мешавад) Александр Лапин қаблан гуфт, ки “дар пасманзари ғасби қудрат дар Афғонистон аз тарафи “Толибон”* тақвияти мавозеи ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ нигаронкунанда аст”. Таҳдиди убури онҳо ба манотиқи наздимарзии Осиёи Марказӣ рӯ ба афзунист.
Тактирандозони Русия ва дигар афроди ҳирфаии пойгоҳи низомии 201 барои рӯёрӯӣ бо ин таҳдидҳо дар соҳили рости рӯдхонаи Панҷ, дар Бадахшони Кӯҳӣ ва соири маконҳои хатарнок омода мешаванд.

Ҳаюлои зиреҳшикан

"Корд-М", ки аз тарафи тарроҳоне дар шаҳри Ковров эҷод шудааст, дурбурдтарин тактирандози пазируфташуда дар нерӯҳои низомии Федератсияи Русия ва яке аз беҳтарин тактирандозон дар ҷаҳон аст. Патрони қавии 12,7-калибрии он имкон фароҳам мекунад, ки ҳадаф дар тӯли то ду километр исобат шавад. Яъне дар ин масофа ҳадаф қарор додани тирандози "Корд-М" аз тариқи силоҳи оддӣ ғайриимкон аст.
"Корд-М" барои ҳадаф қарор додани мошинҳои зиреҳӣ, васоили техникии мухталиф ва аҳдофи зинда (афроди бо ҷалиқа) пешбинӣ шудааст. Тири ин силоҳ қодир аст, аз деворҳои хиштӣ ва сементӣ убур кунад. "Корд-М" имкон медиҳад, ки тирандози он бо тактирандози рақиб муборизаи муассир дошта бошад.
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
“Соли тоҷикии СПАД”: 4 машқи муштарак, ҷаласаҳои низомиву сиёсӣ ва бозсозии марз
"Корд-М" бидуни патрон ва дурбин ҳудуди 10 кило вазн дорад. Зоҳири он силоҳи зиддинтанкии замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувумро ба хотир меорад. Дар он аз патронҳои тактирандози дорои қутри 12,7×108 мм истифода мешавад. Бурди нишонгирии он то 2000 метр (рекорди ҷаҳонӣ) аст. Тӯли мили он 1000 мм бо қудрати шиллики 5000 тир аст.
Вазни туфанги русӣ ба тарзи матлубу маҳсусе аз ҳамтоёни хориҷии худ фарқ дорад. Барои мисол, туфанги машҳури амрикоии М82 бо кутри 12,7-миллиметрии “Barrett” ҳудуди 13 (“Barrett”-и ҷадид ХМ500 то 11,8) кило вазн дорад. Вазни тактирандози бритониёии AS50-и ширкати “Accuracy International” 14,1 кило аст. Зимнан фосилаи нишонгирии М82 ва ХМ500 каме бештар аз 1100, аз AS500 ва AW50 ҳудуди 1500 метр аст. Вазн ва бурди шиллик аҳамияти муҳиме барои тактирандоз доранд.

Тақвияти лозиму кофӣ

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон танҳо бо тактирандозони ҷадид муҷаҳҳаз нест. Пас аз ташдиди авзоъ дар Афғонистон пойгоҳи 201 техника ва силоҳи муосири қобили мулоҳизае аз қабили шуълаафкан (огнемет), системҳои мӯшакии зиддитанкии “Карнет”-и дорои ҳидояти лазерӣ, системҳои зиддитанкии қобили ҳамли “Вебра”, аслиҳаҳои таҳоҷумии “Калашников”-АК-12, ҳамчунин 17 мошини ҷангии пиёданизом – БМП-2 дарёфт кард.
БМП-2М бо тӯпи 30-миллиметрӣ ва мусалсали ҷумфтшудаи 7,62-миллиметрӣ муҷаҳҳаз аст. Дар баробари тӯпи 30-миллиметрӣ ва мусалсали ҷумфтшудаи 7,62-миллиметрӣ насби норинҷакандози 30-миллиметрӣ бо шумули лавозимӣ ҷангӣ барои 300 шиллик ва системи мӯшакии зиддитанкии “Карнет” низ дар он ба назар гирифта шудааст. Аз БМП-2М дар ҳар замоне аз рӯз метавон истифода кард.
Ба зудӣ зермаҷмуаи русӣ дар Тоҷикистон боз бо 30 танки муосири Т-72Б3М таъмин мешавад, ки аз зиреҳи муқовимтар, силоҳи дорои боллистикаи беҳтар, нишонгири дорои вусъати бештари “Сосна-У”, системаи мухобиротии “Акведук” ва муҳаррикҳои ҷадид иборатанд.
Первые в 2021-м: учения вертолетчиков российской базы в Таджикистане - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2021
Нахустин дар соли 2021: машқи чархболҳои Русия дар куҳистони Тоҷикистон
Имконоти тиббии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон беҳтар мешавад. Ба зудӣ дар ин ҷо бемористонҳои саҳроии ҷадид, мошинҳои хос ва муҷаҳҳази тиббӣ пайдо мешаванд. Дар ҳолати вуҷуди зарурат пизишкони низомӣ метавонанд ҷомеаи маҳаллӣ ва афғонистониҳои фирориро кумак кунанд.
Муовини вазири умури хориҷии Русия Андрей Руденко 20 сентябр таъйид кард, ки бинобар бештар шудани таҳдидҳо аз тарафи марзи Афғонистон, ки шакли музмин мегиранд, Маскав тасмими тақвияти зарфияти дифоии Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби СПАД ва ҳамкориҳои дуҷониба дорад.
* - гурӯҳҳои террористии мамнуъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва бархе аз дигар кишварҳо
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар“Telegram”бипайвандед: https://t.me/AKhrolenko
Лентаи хабарҳо
0