https://sputnik.tj/20210924/tafsilot-qarantin-putin-sharh-peskov-1042483739.html
Тафсилоти қарантини Путин: шарҳи Песков
Тафсилоти қарантини Путин: шарҳи Песков
Sputnik Тоҷикистон
Худинзивоӣ, ин маҳдудияти рамзӣ буда, раисҷумҳури Русия тамоми масъулиятҳои дар уҳдадоштаашро иҷро мекунаду дар вақти берун аз кор машғулиятҳои рӯзмарраро анҷом медиҳад
2021-09-24T20:00+0500
2021-09-24T20:00+0500
2021-09-24T20:00+0500
владимир путин
шуғл
кор
раисиҷумҳур
дар русия
карантин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042325730_0:0:3290:1852_1920x0_80_0_0_4f5fddf829436134fe8d8745799c057d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Владимир Путин дар қарантин ё худинзивоӣ реҷаи муқаррарии кору зиндагияшро пеш мебарад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод. Рӯзноманигорон аз сухангӯи Путин суол карданд, ки роҳбари давлат дар вақтҳои берун аз кораш, дар қарантин ба чӣ машғул аст ва оё шуғлаш ба варзиш, аз ҷумла шиновариро идома дода истодааст ё на. Худинзивоӣ ин маҳдудияти шартӣ мебошад ва роҳбари Русия пайваста бо ҳукумат ва роҳбарияти дастгоҳ дар тамос мебошад, илова кард намояндаи Кремл. Дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр иттилоот расонаӣ шуд. Далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус гуфта мешуд.Дар пайи сари вақтнагирифтани ваксинаи дувум бархе аз афроде, ки амнияту кори раисҷумҳурро таъмин мекунанд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.Маврид ба зикр аст, ки худи Путин воксини зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.
https://sputnik.tj/20210924/kreml-tolibon-maskav-1042479380.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042325730_313:0:3044:2048_1920x0_80_0_0_bcd26b10fdcdc1487294073c008ed104.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
худинзивоӣ, раисиҷумҳури русия, маҳдудият, қарантин,
худинзивоӣ, раисиҷумҳури русия, маҳдудият, қарантин,
Тафсилоти қарантини Путин: шарҳи Песков
Худинзивоӣ маҳдудияти рамзӣ буда, раисҷумҳури Русия тамоми масъулиятҳои дар уҳдадоштаашро иҷро мекунаду дар вақти берун аз кор машғулиятҳои рӯзмарраро анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Владимир Путин дар қарантин ё худинзивоӣ реҷаи муқаррарии кору зиндагияшро пеш мебарад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод.
Рӯзноманигорон аз сухангӯи Путин суол карданд, ки роҳбари давлат дар вақтҳои берун аз кораш, дар қарантин ба чӣ машғул аст ва оё шуғлаш ба варзиш, аз ҷумла шиновариро идома дода истодааст ё на.
"Реҷаи муқаррарии зиндагияшро медиҳад ва албатта, далеле барои тағйири чизе мавҷуд нест",-таъкид намуд Песков.
Худинзивоӣ ин маҳдудияти шартӣ мебошад ва роҳбари Русия пайваста бо ҳукумат ва роҳбарияти дастгоҳ дар тамос мебошад, илова кард намояндаи Кремл.
Дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр иттилоот расонаӣ шуд. Далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус гуфта мешуд.
Дар пайи сари вақтнагирифтани ваксинаи дувум бархе аз афроде, ки амнияту кори раисҷумҳурро таъмин мекунанд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи Путин воксини зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.