https://sputnik.tj/20210924/parvanda-tojikiston-kuftan-tabib-hamsar-1042477368.html
Парванда алайҳи зодаи Тоҷикистон барои латукӯби табибе, ки ҳамсарашро муоина кардааст
Парванда алайҳи зодаи Тоҷикистон барои латукӯби табибе, ки ҳамсарашро муоина кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Алайҳи зодаи Тоҷикистон, ки духтурро барои муоинаи ҳамсараш латукӯб кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
2021-09-24T15:35+0500
2021-09-24T15:35+0500
2021-09-24T19:51+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷират
латукӯб
дар русия
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102474/25/1024742580_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_18aeb8ad29e26b93a043ea95aa0cf742.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Зодаи 29-солаи Тоҷикистон, ки 8 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст, дар авбошӣ бо истифода аз зӯр айбдор мешавад. Дар бораи ифтитоҳи парванда алайҳи ӯ раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар ҳавзаи мухтори Ханти - Мансийск хабар додааст. Таъкид шудааст, ки вобаста ба осеби расондашуда ба ҷабрдида, муттаҳамро аз 300 ҳазор рубл ҷарима то ҳабс таҳдид мекунад. Расонаҳо мегӯянд, парванда таҳти назорати Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишотии Русия қарор дошта, феълан масъалаи чораи пешгирӣ алайҳи муттаҳам дар дасти баррасӣ аст. Таъкид шудааст, ки ин ҷавон корманди ширкати "РН-Сервис" буда, қаблан ҳеч ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби ӯ сабт нашудааст. Аз ҷабрдида табиби дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Ба асоси гузоришҳо, ба назди ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯш омадаст, ки ниёз ба муоина доштааст. Ба навиштаи расонаҳо, нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд. Дар ниҳоят зан розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидаст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками ҳамсарашро дидаст, мушт ба рӯи пизишк мезанад. Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст. Ин ҳолат баъди расонаӣ шудан вокуниши зиёдро ба бор овард.
https://sputnik.tj/20210708/hijob-chodar-tolibon-standarti-zanon-aks-1040751088.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102474/25/1024742580_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_5e5a85c3b7afa7cc90bb8d100450c769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парванда, табиб, латукӯб, ҳамла
парванда, табиб, латукӯб, ҳамла
Парванда алайҳи зодаи Тоҷикистон барои латукӯби табибе, ки ҳамсарашро муоина кардааст
15:35 24.09.2021 (Навсозишуда: 19:51 24.09.2021) Алайҳи зодаи Тоҷикистон, ки духтурро барои муоинаи ҳамсараш латукӯб кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Зодаи 29-солаи Тоҷикистон, ки 8 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст, дар авбошӣ бо истифода аз зӯр айбдор мешавад. Дар бораи ифтитоҳи парванда алайҳи ӯ раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар ҳавзаи мухтори Ханти - Мансийск хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки вобаста ба осеби расондашуда ба ҷабрдида, муттаҳамро аз 300 ҳазор рубл ҷарима то ҳабс таҳдид мекунад. Расонаҳо мегӯянд, парванда таҳти назорати Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишотии Русия қарор дошта, феълан масъалаи чораи пешгирӣ алайҳи муттаҳам дар дасти баррасӣ аст.
Таъкид шудааст, ки ин ҷавон корманди ширкати "РН-Сервис" буда, қаблан ҳеч ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби ӯ сабт нашудааст.
Аз ҷабрдида табиби дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Ба асоси гузоришҳо, ба назди ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯш омадаст, ки ниёз ба муоина доштааст.
Ба навиштаи расонаҳо, нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд. Дар ниҳоят зан розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидаст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками ҳамсарашро дидаст, мушт ба рӯи пизишк мезанад.
Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст. Ин ҳолат баъди расонаӣ шудан вокуниши зиёдро ба бор овард.