https://sputnik.tj/20210924/nashr-jadval-musobiqoti-boziho-osiyo-chin-1042473492.html
Нашри ҷадвали мусобиқоти 19-умин Бозиҳои Осиё: Чин бори сеюм мизбонӣ мекунад
Нашри ҷадвали мусобиқоти 19-умин Бозиҳои Осиё: Чин бори сеюм мизбонӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё - 2022 дар Ҳангжоу хабар дод
2021-09-24T13:40+0500
2021-09-24T13:40+0500
2023-07-04T17:44+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
чин
осиё
кумитаи миллии олимпии ҷт
мусобиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102648/05/1026480558_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_3c49ab49e7cd16462e8e23b39428a8c9.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бар асоси ҷадвали нашршуда, 19-умин Бозиҳои Осиё аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор мешаванд. Варзишгарон дар 40 намуди варзиш ва 61 равия зӯрозомӣ хоҳанд кард. Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, тайи 15 рӯзи бозиҳои осиёӣ 482 маҷмӯи медалҳо ба ғолибон супорида хоҳанд шуд. Манбаъ афзуд, ки интизор меравад, Бозиҳои 19-умини Осиё чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ, 6 сентябр бо мусобиқаи футболи мардона оғоз гарданд. Манбаъ афзуд, ки дар варзиши сабук бо 48 зӯрозмоӣ, дар намуди шиноварӣ 41 мусобиқа ва камонварӣ 33 мусобиқа баргузор мешавад ва ин риштаҳои варзиш аз сермедалҳо ба шумор мераванд. Таъкид шудааст, ки ин нашри аввали барномаи бозиҳо бар асоси "шумораи тахминии довталабон" таҳия шуда, нусхаи ниҳоӣ баъдан ироа хоҳад шуд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хотиррасон намудааст, ки Ҳангжоу пас аз Пекин дар соли 1990 ва Гуанжоу дар соли 2010 сеюмин шаҳри Чин хоҳад буд, ки мизбони Бозиҳои Осиё мешавад.
https://sputnik.tj/20210919/qahramon-dollar-joizapuli-chempionati-belgrad-1042360243.html
чин
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102648/05/1026480558_84:0:861:583_1920x0_80_0_0_0541294765e78497ea6c5204827810ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа, осиё, чин
кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа, осиё, чин
Нашри ҷадвали мусобиқоти 19-умин Бозиҳои Осиё: Чин бори сеюм мизбонӣ мекунад
13:40 24.09.2021 (Навсозишуда: 17:44 04.07.2023) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё - 2022 дар Ҳангжоу хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бар асоси ҷадвали нашршуда, 19-умин Бозиҳои Осиё аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор мешаванд. Варзишгарон дар 40 намуди варзиш ва 61 равия зӯрозомӣ хоҳанд кард.
Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, тайи 15 рӯзи бозиҳои осиёӣ 482 маҷмӯи медалҳо ба ғолибон супорида хоҳанд шуд.
Манбаъ афзуд, ки интизор меравад, Бозиҳои 19-умини Осиё чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ, 6 сентябр бо мусобиқаи футболи мардона оғоз гарданд.
"Аввалин медалҳо дар шиноварӣ, панҷҳарбаи муосир, қайиқронӣ ва гимнастикаи бадеӣ рӯзи 11-уми сентябр тақдим мешаванд. Мусобиқаҳои камонварӣ ва шиноварии синхронӣ дар рӯзи охирин - 25 сентябр дар назар мебошанд",-омадааст дар иттилоияи Кумита.
Манбаъ афзуд, ки дар варзиши сабук бо 48 зӯрозмоӣ, дар намуди шиноварӣ 41 мусобиқа ва камонварӣ 33 мусобиқа баргузор мешавад ва ин риштаҳои варзиш аз сермедалҳо ба шумор мераванд.
Таъкид шудааст, ки ин нашри аввали барномаи бозиҳо бар асоси "шумораи тахминии довталабон" таҳия шуда, нусхаи ниҳоӣ баъдан ироа хоҳад шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хотиррасон намудааст, ки Ҳангжоу пас аз Пекин дар соли 1990 ва Гуанжоу дар соли 2010 сеюмин шаҳри Чин хоҳад буд, ки мизбони Бозиҳои Осиё мешавад.