https://sputnik.tj/20210924/mirziyoev-tojikiston-soat-mushkiloti-hal-1042485428.html
Мирзиёев: миёни мо мина набояд бошад, мо ҳамсояем
Мирзиёев: миёни мо мина набояд бошад, мо ҳамсояем
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи якуним сол навоҳии наздимарзиро аз мина пок карданд
2021-09-24T20:38+0500
2021-09-24T20:38+0500
2021-09-24T20:38+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
марз
муштарак
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040131923_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_011cbcdee3da4696d27285372fef2de3.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон мегӯяд, навоҳии наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон аз мина пок шуданд. Ӯ дар доираи мулоқоти пешазинтихоботияш изҳор дошт, ки ин мушкил давоми якуним сол ҳал шуд. Минтақаҳои наздимарзии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон солҳои 2001 - 2002 минакорӣ шуда буданд. Мақомоти Ӯзбекистон далели ин иқдомро ҳифзи марзҳояшон аз ҷангиёни гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфта буданд. Моҳи марти соли 2018 Тоҷикистону Ӯзбекистон гуруҳи корӣ барои чидани минаҳо аз марз ташкил карданд. Ӯ тавзеҳ додааст, ки чунин иқдом барои рафтуомади мардуми ду кишвар миёни ҳам муҳим буданд. "Минаҳо набояд бошанд. Мо ҳамсояем", - илова намуд роҳбари давлат. Марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар пайи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан аз панҷ як ҳиссаи ин марз аломатгузорӣ нашуда буд. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, тобистони соли равон гуфт, бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.Хоҷазода изҳор дошт, ки муайянсозии марз бо Ӯзбекистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, қисмати хурде, ки то ҳол мушаххас нест, дар нуқтаҳои пайвастшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад.
https://sputnik.tj/20210924/raisi-sughd-sarhad-marz-orom-tojikiston-1042482201.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040131923_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_e669e388788aad2c61eb52c2b04d8f5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, навоҳӣ, марзӣ, ҳал
тоҷикистон, ӯзбекистон, навоҳӣ, марзӣ, ҳал
Мирзиёев: миёни мо мина набояд бошад, мо ҳамсояем
Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи якуним сол навоҳии наздимарзиро аз мина пок карданд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон мегӯяд, навоҳии наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон аз мина пок шуданд.
Ӯ дар доираи мулоқоти пешазинтихоботияш изҳор дошт, ки ин мушкил давоми якуним сол ҳал шуд.
Минтақаҳои наздимарзии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон солҳои 2001 - 2002 минакорӣ шуда буданд.
Мақомоти Ӯзбекистон далели ин иқдомро ҳифзи марзҳояшон аз ҷангиёни гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфта буданд. Моҳи марти соли 2018 Тоҷикистону Ӯзбекистон гуруҳи корӣ барои чидани минаҳо аз марз ташкил карданд.
"Тайи якуним сол бо Тоҷикистон музокироти мушкиле анҷом додем. Қаблан мо дар марз минаҳо доштем. Сипас се соат нишастему гуфтушунид доштем. Ҳудуди 99,99%-и мушкилоти 20-соларо ҳал кардем", - изҳор дошт роҳбари Ӯзбекистон.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки чунин иқдом барои рафтуомади мардуми ду кишвар миёни ҳам муҳим буданд.
"Минаҳо набояд бошанд. Мо ҳамсояем", - илова намуд роҳбари давлат.
Марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар пайи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан аз панҷ як ҳиссаи ин марз аломатгузорӣ нашуда буд.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, тобистони соли равон гуфт, бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.
Хоҷазода изҳор дошт, ки муайянсозии марз бо Ӯзбекистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, қисмати хурде, ки то ҳол мушаххас нест, дар нуқтаҳои пайвастшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад.