Боз куштор дар заминаи рашк: Мард ҳамдеҳаи ҷавонашро кушт - видео

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина показывает разбитый кулак, архивное фото
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як мавриди дигари куштор дар заминаи рашк хабар додааст
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. ВУД мегӯяд, сокини 34-солаи ноҳияи Восеъ ҳамдеҳаи ҷавонашро дар муносиботи маҳрамона бо ҳамсараш гумонбар дониста, ӯро ба суҳбат ба яке аз биноҳои нотамоми деҳ даъват кардааст.
Манбаъ афзуд, ки дар аввал миёни ин ду мард муноқишаи лафзӣ сурат мегирад, ки бо занозанӣ мепечад. Дар натиҷа марде, ки ҳамсарашро дар хиёнат гумонбар медонистааст, ҷавони ҳамдеҳаашро задааст ва ҷабрдида аз зарбаи хӯрдааст ба ҳалокат расидааст.
Ин сеюмин хабари фоҷиабор дар заминаи рашк аст, ки моҳи равон расонаӣ мешавад.
Қаблан марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент барои куштори ҳамсари 22-солааш дар заминаи рашк боздошт шуда буд.
Инчунин ВУД ахиран хабар дод, ки сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара дар заминаи рашк нисбати ҳамсари 38-солааш, ки гӯиё бо ҷияни ноболиғаш муносиботи маҳрамона доштааст, ҳардуро латукӯб намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳаводис идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0