Коршинос нақши таҳримҳои зиддирусӣ алайҳи Амрикоро тавзеҳ дод

© Sputnik / Вера Голосова / Гузариш ба медиабонкФлажки США на Национальном монументе
Флажки США на Национальном монументе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Палатаи намояндагии Кунгураи Амрико буҷаи дифоиро тасвиб кард, ки таҳримоти шадидеро алайҳи Маскав пиёда мекунад.
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Аъзои Кунгура дар робита ба маҳдудиятҳои ҷадид дар қиболи “Ҷараёни шимолӣ-2”, тағйироте дар ҷиҳати тавсеаи маҳдудиятҳо алайҳи қарзи давлатии Русия ва 35 шаҳрванди ин кишвар, чеҳраҳои расмӣ, тоҷирон ва рӯзноманигорон ризоият доданд.
Дар суҳбат бо радиои Sputnik узви шӯрои Анҷумани коршиносони сиёсӣ ва мушовирон, дотсенти кафедраи назарияи сиёсии Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав Кирилл Коктиш гуфтааст, ин таҳримҳо метавонанд бештар ба худи Амрико зарар расонанд.
“Ин бахусус ба маҳдудсозии қарзи давлатии Федератсияи Русия ратб дорад”,-афзуд ин коршинос.
Ӯ ба ин назар аст, ки "маҳдудият метавонад мухталиф бошад, албатта, бо шумули пардохтҳои байнибонкии SWIFT. Ин он чизе аст, ки амалиёти тиҷориро ба таври ҷиддӣ ба мушкил мувоҷеҳ мекунад”.
“Дар SWIFT мегӯянд, ки касе Русияро аз он ҳазф карданӣ нестанд, чунин суханҳо таҳдидҳои хушканд. Албатта, ин мантиқӣ аст. Аз даст додани муштарӣ комилан иқдоми нолозим аст – асари баде бар обрӯ дорад, дар ҳоле ки таҷрибаи таъсири манфии ҳазфи Эрон аз ин системаро доранд. Чунин таҳримҳо раванди гузариш ба арзи рамзкоришуда (криптовалюта)-ро тасреъ мекунанд”-мегӯяд оқои Коктиш.
Ин коршинос меафзояд, дар чунин ҳол таҳримҳо таъсири баръакс барои ИМА доранд, зеро фазои иқтисодиеро, ки бо доллар дӯхта шудааст, тахриб ва онро ба фазои асъори дигар табдил медиҳад.
Бинобар ин “бо талошҳои ИМА ин иттифоқ аз он ки дертар амалӣ шавад, зудтар рух медиҳад”,-гуфтааст Кирилл Коктиш.
Лентаи хабарҳо
0