Русия метавонад дар музокироти миёни "Толибон"* ва Ҷабҳаи муқовимат ширкат кунад

© AFP 2023 / KARIM JAAFARЧлены движения "Талибан" присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Русия даъвати ширкат дар музокиротро дар сурати ворид шудани он баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Русия метавонад дар музокироти миёни "Толибон"* ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иштирок кунад.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко дар мусоҳиба бо ТАСС иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ташаббуси Тоҷикистону Покистонро дар бораи ташкили музокироти ҷонибҳои мухолифи афғонистонӣ дар Душанбе мусбат қабул кард.

"Мо ҳама гуна муколамаро, ки метавонад боиси сулҳу субот дар Афғонистон шавад, дастгирӣ мекунем. Агар Русия даъват шавад, мо ин даъватро бодиққат баррасӣ хоҳем кард",-гуфт Руденко.

Дар бораи ташкили музокирот байни "Толибон"* ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимат дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон тасмим гирифта шуд.
Эмомали Рахмон, президент РТ и Имран Хан Премьер-министр Пакистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дар Душанбе гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон сурат мегирад
Мақомоти ду кишвар ба аҳамияти субот дар Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя таъкид карданд.
Баъди бозгашт аз Душанбе Хон гуфт, ки суҳбати тӯлонӣ бо Раҳмон ӯро водор кард, то бо "Толибон"* дар бораи тағйири ҳайати ҳукумати Афғонистон гуфтугӯ кунад.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0