https://sputnik.tj/20210923/rasht-baljuvon-emomali-rahmon-viloyati-khatlon-1042451214.html
Аз Рашт то Балҷувон: Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон рафт
Аз Рашт то Балҷувон: Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид. Роҳбари давлат баъд аз сафари кориаш ба Рашт ба вилояти Хатлон равон шуд
2021-09-23T12:52+0500
2021-09-23T12:52+0500
2021-09-23T15:36+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рашт
балҷувон
иншоот
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/58/1026805882_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_cc28e0d68e605f562a7912b280b3451b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 23 сентябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор дошт.Дар ҷараёни сафари корӣ раисҷумҳур чанд иншооти гуногунро дар ноҳияҳои водии Рашт ифтитоҳ кард.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ, яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти президент бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сафари кориаш ба ноҳияи Рашт бо мақсади ифтитоҳи чанд иншооти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард.Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст.Иттилоъ дода шудааст, ки бо ба истифода додани бинои нав сатҳу сифати кор беҳтар мегардад.Ҳамзамон раисҷумҳумҳури Тоҷикистон дар Балҷувон чандин иншооти дигари муҳимро ба истифода дод.
https://sputnik.tj/20210922/rahmon-rasht-kadr-oyanda-sohibi-1042442935.html
рашт
балҷувон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/58/1026805882_115:0:1926:1358_1920x0_80_0_0_aac40f25931950bd655643c981b316ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рашт, балҷувон, сафари корӣ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рашт, балҷувон, сафари корӣ
Аз Рашт то Балҷувон: Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон рафт
12:52 23.09.2021 (Навсозишуда: 15:36 23.09.2021) Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид. Роҳбари давлат баъд аз сафари кориаш ба Рашт ба вилояти Хатлон рафт
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 23 сентябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор дошт.
Дар ҷараёни сафари корӣ раисҷумҳур чанд иншооти гуногунро дар ноҳияҳои водии Рашт ифтитоҳ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ, яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти президент бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сафари кориаш ба ноҳияи Рашт бо мақсади ифтитоҳи чанд иншооти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард.
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки бо ба истифода додани бинои нав сатҳу сифати кор беҳтар мегардад.
Ҳамзамон раисҷумҳумҳури Тоҷикистон дар Балҷувон чандин иншооти дигари муҳимро ба истифода дод.