Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамлаи қирғизҳо ба хонандагони тоҷик дар Чоркӯҳ: Ду кӯдак дар беморхона бистарӣ шуд

© Sputnik / Всеволод ТарасевичСело Чоркух. Архивное фото
Село Чоркух. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Чанд хонандаи тоҷик, сокинони деҳаи Сомониёни Исфараро, қирғизҳо сангборон намуданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду кӯдак бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хонандагони тоҷик аз ҷониби чанд сокини Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев ба Sputnik Тоҷикистон сар задани ин ҳодисаро тасдиқ намуда гуфт, ки хонандагони тоҷикро қирғизҳо сангборон намуданд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан ду кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ ҳастанд.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Барои аксгирӣ бо сарбозон”: Ҷузъиёти ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон
"Ҳодиса соатҳои 11- и 23 сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд", - гуфт раиси Чоркӯҳ.
Ба гуфтаи , ӯ дар ин ҳодиса ҳамчунин Ҷӯрабой ном сокини 31 - солаи деҳаи сомониён ва як тифли дигар ҷароҳат бардоштанд.
Манбаъ илова намуд, ки бо раисони Бодканду Оқсой вобаста ба ин ҳодиса суҳбат карда, онҳоро дар ҷараён гузошт.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғот ё обтақсими "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Глава МИД Кыргызстана Руслан Казакбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Даст кашидан аз даъвои ҳудудӣ: изҳороти ВУХ Қирғизистон оиди масоили марзӣ бо Тоҷикистон
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.
Лентаи хабарҳо
0