Иттилои ахири БМТ дар бораи болоравии қурби евро ва рубл дар бозори арзи Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкБанковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard
Банковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Обуна шудан
Қурби асъори аврупоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас боло рафт
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он, қурби рубли русӣ ва евро андаке боло, аммо доллар поин рафт.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ 0.1543 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба рӯзи пеш зиёдтар аст. Рӯзи гузашта дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ 0,1541 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар ҳам тағйир ёфтааст, он нисбат ба сомонӣ андаке поин рафта, ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3175 арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш доллар дар бозори арзи кишвар ҳудуди 11.3180 сомонӣ арзиш дошт.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас боло рафтааст.
Символ рубля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Дар бозори арзи кишвар як евро 13.2856 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки рӯзи гузашта арзиши он 13.2602 буд.
Ҳамин тавр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3175 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.2856 то 13.4700 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1543 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0