https://sputnik.tj/20210922/manba-qochoqi-mavodi-mukhaddir-afghoniston-hind-1042434116.html
Манбаъ: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Ҳинд афзоиш ёфтааст
Манбаъ: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Ҳинд афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои хабарӣ гузориш доданд, ки ҳалқаҳои ҷиноӣ акнун таваҷҷуҳашонро ба бозори маводи мухаддаири Ҳинд бештар намуда ва қочоқи ин мавод бо мабдаи Афғонистон ба он кишвар афзоиш ёфтааст
2021-09-22T16:20+0500
2021-09-22T16:20+0500
2021-09-22T16:20+0500
афғонистон
маводи мухаддир
кишт
ҳероин
ҳинд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102124/23/1021242358_0:36:2419:1397_1920x0_80_0_0_f8636e632242dae989996e05682e79c2.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Рӯзномаи “Ҳиндустон таймс” навиштааст, ки 30 тонна ҳероин аз Афғонистонро, ки аз Бандар Аббос ба ин кишвар қочоқ мешуд, дар амалиёти бузурге дар бандари Мондра дар Гуҷарот кашфу забт шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Дар гузориш гуфта шудааст, ки пас аз тасарруфи кулли Афғонистон аз сӯйи “Толибон”* ва бо таваҷҷуҳ ба зарбаҳое, ки гуфта мешавад, “Толибон”* бар ҳалқаҳои ҷиноии маводи мухаддири Афғонистон ворид оварданд, қочоқчиён акнун ба бозорҳои Ҳинд рӯй овардаанд.Дар робита ба ин мақомоти Ҳиндустон ахиран аз мусодираи 3 тонна ҳероин аз Афғонистон хабар доданд.Аз замони дубора баргаштани “Толибон”* ба сари қудрат ба Афғонистон ҳамагӣ як моҳ гузашт.Мақомоти Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Ҳиндустон ахиран мувафақ шуданд, ин маҳмулаи бузурги маводи мухаддир ба арзиши 2,7 миллион долларро дар бандари “Мондра”, дар ғарби Ҳиндустон мусодира кардаанд.Хабаргузории мазкур навиштааст, ки бори ахир ду контейнер, яке бо 2 тонна ва дигар 1 тонна ҳероин аз Афғонистон дар як бандари Эрон бор карда шудааст.Идораи мубориза бо қочоқи Ҳиндустон қайд кард, ки шаҳрвандони Афғонистон дар фиристодани ин бор ба Ҳиндустон даст доштанд, аммо то ҳол касе аз ин нафарон боздошт нашудаанд.Афғонистон бо тавлиди ҳудуди 90 дарсади ҳероини масрафии ҷаҳон, бузургтарин тавлидкунандаи ин маводи мухаддир ба шумор меравад.Мақомоти “Толибон” пас аз гирифтани қудрат ва вуруд ба шаҳри Кобул дар бораи кишт ва қочоқи хашхош ба ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон доданд.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”* дар нахустин нишасти хабарии худ (17 август) гуфт, ки “Толибон”* ҷаҳонро мутмаин месозанд, ки кишти кӯкнор ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон қатъ мешавад."Вақте ки ман ба Кобул расидам, фаҳмидам, ки бисёр ҷавонон нашъаманд ва бекоранд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки кишти кӯкнорро бори дигар ба сифр расонем, чунки ин бист сол пеш буд”, - гуфт оқои Муҷоҳид.Дар замони режими пешини “Толибон”*, ба гуфтаи Созмони Милал, кишти хашхош дар Афғонистон дар соли 2001 тақрибан 91 дарсад коҳиш ёфта буд ва ҳатто дар баъзе минотиқи Афғонистон кишти ин навъ аз маводи мухаддир ба сифр расида буд.
https://sputnik.tj/20210901/mavod-muhaddir-andozho-sarparast-milliard-tolibon-1042003915.html
https://sputnik.tj/20210715/afun-bangdona-agenti-mavod-muhaddir-musodira-1040899291.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102124/23/1021242358_311:0:2395:1563_1920x0_80_0_0_eb5a46726b329acb795b739ded3fe726.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳиндустон, маводи мухаддир, кишт, дарёфт
афғонистон, ҳиндустон, маводи мухаддир, кишт, дарёфт
Манбаъ: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Ҳинд афзоиш ёфтааст
Расонаҳои хабарӣ гузориш доданд, ки ҳалқаҳои ҷиноӣ акнун таваҷҷуҳашонро ба бозори маводи мухаддири Ҳинд бештар намуда ва қочоқи ин мавод бо мабдаи Афғонистон ба он кишвар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Рӯзномаи “Ҳиндустон таймс” навиштааст, ки 30 тонна ҳероин аз Афғонистонро, ки аз Бандар Аббос ба ин кишвар қочоқ мешуд, дар амалиёти бузурге дар бандари Мондра дар Гуҷарот кашфу забт шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки пас аз тасарруфи кулли Афғонистон аз сӯйи “Толибон”* ва бо таваҷҷуҳ ба зарбаҳое, ки гуфта мешавад, “Толибон”* бар ҳалқаҳои ҷиноии маводи мухаддири Афғонистон ворид оварданд, қочоқчиён акнун ба бозорҳои Ҳинд рӯй овардаанд.
Дар робита ба ин мақомоти Ҳиндустон ахиран аз мусодираи 3 тонна ҳероин аз Афғонистон хабар доданд.
Аз замони дубора баргаштани “Толибон”* ба сари қудрат ба Афғонистон ҳамагӣ як моҳ гузашт.
Мақомоти Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Ҳиндустон ахиран мувафақ шуданд, ин маҳмулаи бузурги маводи мухаддир ба арзиши 2,7 миллион долларро дар бандари “Мондра”, дар ғарби Ҳиндустон мусодира кардаанд.
Хабаргузории мазкур навиштааст, ки бори ахир ду контейнер, яке бо 2 тонна ва дигар 1 тонна ҳероин аз Афғонистон дар як бандари Эрон бор карда шудааст.
Идораи мубориза бо қочоқи Ҳиндустон қайд кард, ки шаҳрвандони Афғонистон дар фиристодани ин бор ба Ҳиндустон даст доштанд, аммо то ҳол касе аз ин нафарон боздошт нашудаанд.
Афғонистон бо тавлиди ҳудуди 90 дарсади ҳероини масрафии ҷаҳон, бузургтарин тавлидкунандаи ин маводи мухаддир ба шумор меравад.
Мақомоти “Толибон” пас аз гирифтани қудрат ва вуруд ба шаҳри Кобул дар бораи кишт ва қочоқи хашхош ба ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон доданд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”* дар нахустин нишасти хабарии худ (17 август) гуфт, ки “Толибон”* ҷаҳонро мутмаин месозанд, ки кишти кӯкнор ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон қатъ мешавад.
"Вақте ки ман ба Кобул расидам, фаҳмидам, ки бисёр ҷавонон нашъаманд ва бекоранд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки кишти кӯкнорро бори дигар ба сифр расонем, чунки ин бист сол пеш буд”, - гуфт оқои Муҷоҳид.
Дар замони режими пешини “Толибон”*, ба гуфтаи Созмони Милал, кишти хашхош дар Афғонистон дар соли 2001 тақрибан 91 дарсад коҳиш ёфта буд ва ҳатто дар баъзе минотиқи Афғонистон кишти ин навъ аз маводи мухаддир ба сифр расида буд.