https://sputnik.tj/20210922/kumaki-dollari-sozmoni-millal-behdosht-afghoniston-1042436410.html
Кумаки 45-миллиондолларии Созмони Миллал ба бахши беҳдошти Афғонистон
Кумаки 45-миллиондолларии Созмони Миллал ба бахши беҳдошти Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид 45 миллион доллар барои кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон аз Сандуқи марказӣ вокуниш изтирории Созмони ҷаҳонӣ ихтисос медиҳад
2021-09-22T17:40+0500
2021-09-22T17:40+0500
2021-09-22T19:13+0500
афғонистон
смм
осиёи марказӣ
маблағ
беҳдошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0d/1031730323_0:0:3069:1727_1920x0_80_0_0_07b1328b58b2cb610bee80e65268bdde.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ дар умури башардӯстона ва ҳамоҳангкунандаи кумаки изтирорӣ ахиран дар як изҳорот гуфт, ки ин маблағ дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Хазинаи кӯдакони СММ ( ЮНИСЕФ) қарор мегирад, то имконияти сиҳҳиро дар марокизи сиҳҳӣ, бавижа дар шифхонаҳои Ковид-19 то поёни соли ҷорӣ ҳифз кунад.Гриффитс инчунин дар як изҳорот гуфт, ки дар Афғонистон дору, таҷҳизоти тиббӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли тамом шудан аст ва кормандони соҳаи тиб маош намегиранд.Вай ҳушдор дод, ки барҳам хӯрдани бахши тандурустии Афғонистон фалокатбор хоҳад буд ва дар сурати вуқуи ин фоҷеа мумкин аст, дастрасии мардум ба ниёзҳои аввалияи сиҳҳӣ қатъ шавад.Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Созмони Милал дар канори мардуми Афғонистон аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо кумак хоҳад кард.Охирин кумаки Созмони Милал дар ҳолест, ки раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт чанде пеш дар як паёми твиттериаш аз суқути низоми тандурустии Афғонистон ҳушдор дод.Тедрус Адҳонум гуфта, ки бахши беҳдошти Афғонистон бо чолишҳои шадид, аз ҷумла камбуди таҷҳизот, дору ва пизишкон, буҷаи мавриди ниёз барои идомаи барномаи сиҳатмандӣ, пардохти маоши кормандони сиҳҳӣ ва фирори мағзҳо мувоҷеҳ асту дар сурати суқути низоми сиҳҳӣ афроди зиёде дар ин кишвар ҷонҳояшонро аз даст хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20210920/rahbar-tut-afghoniston-tolibon-1042373034.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0d/1031730323_134:0:2865:2048_1920x0_80_0_0_1f4fa6121f3b78fc5bce369f620b59e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, кумат, тандурустӣ, беҳдоштӣ. доллар
афғонистон, смм, кумат, тандурустӣ, беҳдоштӣ. доллар
Кумаки 45-миллиондолларии Созмони Миллал ба бахши беҳдошти Афғонистон
17:40 22.09.2021 (Навсозишуда: 19:13 22.09.2021) Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид 45 миллион доллар аз Сандуқи маркази вокуниши изтирории ин созмони ҷаҳонӣ чун кумаки башардӯстона ба Афғонистон ихтисос медиҳад
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ дар умури башардӯстона ва ҳамоҳангкунандаи кумаки изтирорӣ ахиран дар як изҳорот гуфт, ки ин маблағ дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Хазинаи кӯдакони СММ ( ЮНИСЕФ) қарор мегирад, то имконияти сиҳҳиро дар марокизи сиҳҳӣ, бавижа дар шифхонаҳои Ковид-19 то поёни соли ҷорӣ ҳифз кунад.
Гриффитс инчунин дар як изҳорот гуфт, ки дар Афғонистон дору, таҷҳизоти тиббӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли тамом шудан аст ва кормандони соҳаи тиб маош намегиранд.
Вай ҳушдор дод, ки барҳам хӯрдани бахши тандурустии Афғонистон фалокатбор хоҳад буд ва дар сурати вуқуи ин фоҷеа мумкин аст, дастрасии мардум ба ниёзҳои аввалияи сиҳҳӣ қатъ шавад.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Созмони Милал дар канори мардуми Афғонистон аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо кумак хоҳад кард.
Охирин кумаки Созмони Милал дар ҳолест, ки раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт чанде пеш дар як паёми твиттериаш аз суқути низоми тандурустии Афғонистон ҳушдор дод.
Тедрус Адҳонум гуфта, ки бахши беҳдошти Афғонистон бо чолишҳои шадид, аз ҷумла камбуди таҷҳизот, дору ва пизишкон, буҷаи мавриди ниёз барои идомаи барномаи сиҳатмандӣ, пардохти маоши кормандони сиҳҳӣ ва фирори мағзҳо мувоҷеҳ асту дар сурати суқути низоми сиҳҳӣ афроди зиёде дар ин кишвар ҷонҳояшонро аз даст хоҳанд дод.