https://sputnik.tj/20210922/hushdor-rohbar-jamiyati-tojikon-ideologiya-tolibon-1042441007.html
Ҳушдори роҳбари Ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз хатари паҳншавии идеологияи "Толибон"*
Ҳушдори роҳбари Ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз хатари паҳншавии идеологияи "Толибон"*
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳе аз русиягиҳо дар қабули идеологияи "Толибон"* муттаҳам мешаванд ва ба онҳо муҳлати тӯлонии зиндон таҳдид мекунад
2021-09-22T20:30+0500
2021-09-22T20:30+0500
2021-09-22T20:44+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
дар русия
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434637_0:160:3071:1887_1920x0_80_0_0_46c3d951fd6005ee82c1e42af3c43b51.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Идеологияи созмони террористии "Толибон"* метавонад дар қаламрави Русия низ паҳн шавад. Дар ин бора зимни суҳбат бо URA.RU Фаррух Мирзоев, роҳбари Ҷамъияти тоҷикон, раиси Анҷумани иттиҳодияҳои миллӣ - фарҳангии вилояти Свердлов изҳор назар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, хатари вуруди ҷангиёни зиёди "Толибон"* ба Русия ҷой надорад, чун убури марзи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ кори саҳл нест. Аммо бо вуҷуди ин бархе метавонанд роҳ ёбанд, изҳор доштааст ӯ. Ӯ таъкид намуд, Русия яке аз кишварҳоест, ки мусалмонон дар он зиёд иқомат мекунанд. Феълан дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 25 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад. Гуфта мешавад, давлат манфиатдор аст, ки дар қаламрави Русия исломи анъанавӣ густариш ёбад, на ҷараёни тундгароёна. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Екатеринбург панҷ нафарро бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз "Толибон"* боздошт кардаанд. Бар асоси иттилои расонаҳо, як шаҳрванди Русия ва чор шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳалли иқоматашон маводи тарканда пинҳон кардаанд, ки дар сурати тасдиқи гуноҳашон ба онҳо то 30 соли зиндон таҳдид мекунад. * - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210922/maskav-mavzu-muloqot-rohbaron-tolibon-1042434517.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434637_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_3418fac86b231b210b4ffeeb9189ddaf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатар, паҳншавӣ, толибон, афғонистон, муҳлат
хатар, паҳншавӣ, толибон, афғонистон, муҳлат
Ҳушдори роҳбари Ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз хатари паҳншавии идеологияи "Толибон"*
20:30 22.09.2021 (Навсозишуда: 20:44 22.09.2021) Гуруҳе аз русиягиҳо дар қабули идеологияи "Толибон"* муттаҳам мешаванд ва ба онҳо муҳлати тӯлонии зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Идеологияи созмони террористии "Толибон"* метавонад дар қаламрави Русия низ паҳн шавад.
Дар ин бора зимни суҳбат бо
URA.RU Фаррух Мирзоев, роҳбари Ҷамъияти тоҷикон, раиси Анҷумани иттиҳодияҳои миллӣ - фарҳангии вилояти Свердлов изҳор назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, хатари вуруди ҷангиёни зиёди "Толибон"* ба Русия ҷой надорад, чун убури марзи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ кори саҳл нест. Аммо бо вуҷуди ин бархе метавонанд роҳ ёбанд, изҳор доштааст ӯ.
"Хатари асосӣ дар паҳнавшии идеологияи онҳост, ки метавонад дар мағзи гурӯҳе аз русиягиҳо ҷой ёбад",-изҳор дошт Мирзоев.
Ӯ таъкид намуд, Русия яке аз кишварҳоест, ки мусалмонон дар он зиёд иқомат мекунанд. Феълан дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 25 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад.
Гуфта мешавад, давлат манфиатдор аст, ки дар қаламрави Русия исломи анъанавӣ густариш ёбад, на ҷараёни тундгароёна.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Екатеринбург панҷ нафарро бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз "Толибон"* боздошт кардаанд. Бар асоси иттилои расонаҳо, як шаҳрванди Русия ва чор шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳалли иқоматашон маводи тарканда пинҳон кардаанд, ки дар сурати тасдиқи гуноҳашон ба онҳо то 30 соли зиндон таҳдид мекунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар