Охирин рӯзи кории вазир Воҳид Маҷрӯҳ: Ӯ гуфт, дар Кобул аст

© GMICМинистр здравоохранения Афганистана Вахид Майрух
Министр здравоохранения Афганистана Вахид Майрух - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Вазири беҳдошти Афғонистон аз охирон рӯзи корияш дар ин мақом хабар дода, дар бораи нақшаҳои ояндааш гуфт
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Воҳид Маҷрӯҳ дар саҳифааш дар "Твиттер" навиштааст, ки охирон рӯзи корияш ба унвони сарпарасти Вазорати беҳдошт буд.
Ӯ ба ҷойгузини худ, ки аз тарафи "Толибон"* таъйин шудааст, барори кор хоста, аз афроде, ки ба ӯ дар замони фаъолияташ дар садри ин ниҳод кумак кардаанд, изҳори сипос намуд.
Маҷрӯҳ изҳор доштааст, ки дар Кобул аст ва кишварро тарк накардааст.

"Ман ҳанӯз дар Кобул ҳастам, саъй мекунам, барои духтаронам падари беҳтаре бошам",-таъкид намудааст вазири собиқи беҳдошт.

Ӯ илова намудааст, ки ба ҳайси як пизишк хидмат ба мардумро идома хоҳад дод ва саъй мекунад, дар фаъолияти иҷтимоию ҳирфаӣ фаъолтар бошад.
Официальный представитель движения Талибан Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
"Толибон"* аз таъйини аъзои нави ҳукуматашон аз Панҷшеру Сарипул хабар дод
Ин дар ҳолест, ки "Толибон"* имрӯз бархе аз аъзои нави кабинаи вазиронро эълон карданд, ки вазири нави тандурустӣ низ дар ин феҳраст буд.
Бар асоси эълони "Толибон"*, доктор Қаландар Ибод ба мақоми вазири тандурустӣ таъйин шудааст. Абдулбоқӣ Умар мақоми муовини аввали вазири тандурустӣ ва доктор Муҳаммад Ҳасан Ғиёсӣ ҳамчун муовини дуввуми вазири тандурустӣ ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0