https://sputnik.tj/20210921/tolibon-jahon-hukumat-etirof-intiqod-1042417355.html
"Толибон"* аз ҷаҳон хост, ки аввал ҳукуматашонро эътироф кунаду баъд интиқод намояд
"Толибон"* аз ҷаҳон хост, ки аввал ҳукуматашонро эътироф кунаду баъд интиқод намояд
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи "Толибон"* аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки аввал ҳукуматашонро эътироф кунанд, баъд ба интиқод пардозанд 21.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-21T20:35+0500
2021-09-21T20:35+0500
2021-09-21T20:35+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042182158_0:61:3054:1779_1920x0_80_0_0_0eb909bfd94db9cb9343a4b608c8612d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* мегӯяд, абарқудратҳои ҷаҳон ҳукумати нави Афғонистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон зиёд танқид мекунанд, ки нуқтаи назари онҳо яктарафа мебошад. Муҷоҳид дар суҳбат бо шабакаи "Geo.tv", изҳор доштааст, ки танҳо давлатҳое метавонанд масоили нақзи ҳуқуқи башар бо "Толибон"*-ро аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар миён гузоранд, ки ҳукумати навашонро эътироф кардаанд. Дар зимн ӯ таъкид намудааст, ки "Толибон"* намехоҳад, ки ҳеҷ давлати хориҷие дар умури дохилии Афғонистон дахолат кунад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид инчунин илова намудааст, ки ҳукумати ҷадиди Афғонистон хоҳони ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вай изҳор кардааст, ки Афғонистон дар ояндаи наздик шоҳиди сулҳу суботи сарорсарӣ хоҳад шуд. Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Ин гурӯҳ то имрӯз наздик ба 40 узви ҳукуматашро эълон кардааст, ки аксарашон паштун буда, таҳти таҳрими СММ қарор доранд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210921/patrushev-kafil-amniyat-osiyoi-markazi-1042414352.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042182158_195:0:2926:2048_1920x0_80_0_0_fe1870c52f44761426ffc2c23692239a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, ҳукумат
сиёсат , афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, ҳукумат
"Толибон"* аз ҷаҳон хост, ки аввал ҳукуматашонро эътироф кунаду баъд интиқод намояд
Гуруҳи "Толибон"* аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки аввал ҳукуматашонро эътироф кунанд, баъд ба интиқод пардозанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* мегӯяд, абарқудратҳои ҷаҳон ҳукумати нави Афғонистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон зиёд танқид мекунанд, ки нуқтаи назари онҳо яктарафа мебошад.
Муҷоҳид дар суҳбат бо шабакаи "Geo.tv", изҳор доштааст, ки танҳо давлатҳое метавонанд масоили нақзи ҳуқуқи башар бо "Толибон"*-ро аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар миён гузоранд, ки ҳукумати навашонро эътироф кардаанд.
Дар зимн ӯ таъкид намудааст, ки "Толибон"* намехоҳад, ки ҳеҷ давлати хориҷие дар умури дохилии Афғонистон дахолат кунад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид инчунин илова намудааст, ки ҳукумати ҷадиди Афғонистон хоҳони ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Вай изҳор кардааст, ки Афғонистон дар ояндаи наздик шоҳиди сулҳу суботи сарорсарӣ хоҳад шуд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Ин гурӯҳ то имрӯз наздик ба 40 узви ҳукуматашро эълон кардааст, ки аксарашон паштун буда, таҳти таҳрими СММ қарор доранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар