Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Гурӯҳи “Толибон”* иддаоҳо дар бораи шиканҷаи ғайринизомиён дар Панҷшерро рад кард

© Александр ХроленкоДорога в провинции Панджшер (Афганистан)
Дорога в провинции Панджшер (Афганистан) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Гурӯҳи “Толибон”* иддаоҳо дар бораи боздошт ва шиканҷаи ғайринизомиён дар вилояти Панҷшерро рад кард
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. "Толибон" иддаои боздошт ва шиканҷаи мардуми осоишта дар Панҷшерро рад кард ва гуфт, ки ҳоло амният дар ин вилоят пурра таъмин шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "TOLOnews".
Қаблан Солеҳмуҳаммад Ригистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат гуфта буд, ки “Толибон”* афроди ғайринизомиро дар Панҷшер боздошт ва дар зиндони Кописо шиканҷа мекунад.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Манбаъ: "Толибон"* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон ва хостори музокирот шудаанд
Як узви Ҷабҳаи муқовимат тавассути расонаҳо наворҳое паҳн кард, ки ҳокӣ аз ҳузури онҳо дар қисматҳои Панҷшеранд. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки то ҳол миёни ду тараф гоҳ-гоҳ задухӯрд рух медиҳад.

"Дар хонаҳо ҷустуҷӯ идома дорад. Мардумро боздошт мекунанду ба зиндони вилояти Кописо интиқол медиҳанд. Одамони бегуноҳро парондаанд ва ба хешовандонашон иҷозат намедиҳанд, ки ҷасади онҳоро ба хок супоранд",-гуфт Ригестонӣ дар ин навор.

Бархе аз сокинони вилояти Панҷшер низ иддао доранд, ки гурӯҳи “Толибон"* аз хонаҳои ғайринизомиён ҳамчун сангар кор мегирад. Асадуллоҳ Ваҳдат, сокини Панҷшер гуфт: "Мо аз нерӯҳои Имороти Исломӣ даъват мекунем, ки манзилҳои зистро тарк кунанд ва ба ҷойҳое бираванд, ки низомиёни давлати пешин буданд".
Сафура Амирӣ, сокини дигари Панҷшер гуфт: "Ин минтақа пур аз сарбоз аст ва “Толибон”* аз хонаҳои мардум истифода мекунад ва ин монеи рафтани мардум ба хонаҳояшон шудааст".
Аммо як узви комиссюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанг ин иддаоро рад карда гуфт, ки ҳоло амният дар Панҷшер таъмин аст.
Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Муроҷиати нави Регистонӣ: ӯ аз ҷиноёти "Толибон"* дар Панҷшер гуфт - видео
Муовини раиси комиссюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанг Аҳмадуллоҳ Васиқ гуфт: “Дар Панҷшер амнияти комил барқарор аст. Ҷанг нест. Душман ҳам ҳаракат намекунад”.
Бо вуҷуди ин гузоришҳо дар бораи музокироти ду тараф мавҷуд аст. Аммо як узви гурӯҳи музокиракунандаи Ҷабҳаи муқовимат ба "TOLOnews" гуфтааст, ки аз оғози муноқишаи ду тараф ҳеҷ музокироте сурат нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай дар мусоҳиба бо як рӯзномаи бритониёӣ гуфт, ки аз натиҷаҳо ва идомаи музокироти “Толибон”* ва Ҷабҳаи муқовимат ноумед шудааст.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0