Эълони таҳдиду хафвҳои асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

© Sputnik / СтрингерВсемирный банк
Всемирный банк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ки барои иқтисоди Тоҷикистон мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ як гузориши наверо дар бораи иқтисоди Тоҷикистон нашр кард, ки аз бадтар шудани вазъи иқтисодии кишвар гузориш мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, коҳиши фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон метавонад ба хуруҷи эҳтимолии COVID-19 таъсир расонад ва раванди заифи ваксиназанӣ метавонад боиси роҳандозии иқдомоти наве чун худҷудоӣ шавад.
Илова бар ин шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ва баҳси марзӣ бо Қирғизистон низ ба амнияти иқтисодии кишвар таҳдид мекунад.
Ба дурнамои афзоиш ҳамчунин тағирёбии иқлим, аз ҷумла офатҳои табиӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво таъсир мерасонанд.
Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ маҳдуд будани имконоти Тоҷикистон метавонад дар робита ба ҳалли мушкилоти гармои саросарӣ дар ин кишвар мушкилоти ҷиддӣ эҷод кунад.
Табличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
БҶ коҳиши касри буҷаро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад
Барои иқтисоди Тоҷикистон дигар мушкилоти сохторӣ ҳам боқӣ мондааст.
"Иқтисод аз тағйироти ҳаҷми интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон, ки тавассути он сабади истеъмолии аҳолӣ таъмин мегардаду хароҷоти зиёди воридотӣ маблағгузорӣ мешавад, осебпазир боқӣ мемонад",-гуфта шудааст дар гузориш.
Вобастагии ҷиддӣ аз воридот ва маҳдуд будани тавлиди ватанӣ ба тағйирёбии нархҳои беруна, бахусус сӯзишворию озуқаворӣ мунҷар мешвад ва иқтисоди кишварро осебпазир месозад.
Мушкилоти дохилӣ - фаъолияти бесамари корхонаҳои давлатӣ ва рушди нокифояи бахши хусусиро дар бар мегирад.
"Корхонаҳои давлатӣ дар фазои иқтисодӣ бартарӣ доранд ва захираҳои буҷаи давлатро коҳиш медиҳанд. Аксари корхонаҳои бузурги давлатӣ зарароваранд ва андозсупорон ҳамеша онҳоро бо пардохти қарз ва бахшидани уҳдадориҳои марбути андоз дастгирӣ мекунанд", - омадааст дар гузориш.
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Афзоиши қарзи давлатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ: иқтисоди дар Тоҷикистон 30-соли Истиқлолят
Қайд карда мешавад, ки ин уҳдадориҳои шартӣ осебпазирии молии давлатро бештар ва ба буҷаи давлатӣ сарбории изофӣ эҷод мекунад, дар ҳоле ки он аз қарзи зиёди хориҷӣ азият мекашад.
Бонки Ҷаҳонӣ ёдрас кардааст, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар “Пешбурди тиҷорат-2020” (Doing Business 2020) пешравии назаррас нишон додааст, ин кишвар ҳамоно дар феҳристи “Doing Business” миёни 190 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 106 -ум қарор гирифтааст.
Бонки Ҷаҳонӣ дигар омилҳои таъсиррасонро низ нашр кард аз ҷумла:
гирифтани хидматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти андоз;
дастрасӣ ба нерӯи барқ;
ҳалли мушкили марбут ба адами тавоноӣ дар пардохтпазирӣ (тартиби муфлисшавӣ);
мусоидат ба тиҷорат ва иҷозати сохтмон.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки Кодекси андози Тоҷикистон, ки ахиран таҳия шудааст, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ва бахши хусусӣ мусоидат хоҳад кард.
Тақсими ширкати "Барқи Тоҷик" ба се корхонаи мухталиф, масъули истеҳсол, интиқол ва тақсимот бояд мушкилоти бесамарӣ дар бахши энержиро ҳал намояд.
Лентаи хабарҳо
0