Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Санаи сафари Эрдуғон ба Русия эълон шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Сафари расмии раисҷумҳури Туркия ба Русия дар охири моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия 29 сентябр вориди Русия мешавад, хабар додааст РИА Новости бо такя ба мақомоти турк.
Интизор меравад, ки роҳбари Туркия барои музокирот бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин ба шаҳри Сочи меояд. Сафар як рӯз давом хоҳад кард.
Масоили мушаххаси музокирот гуфта нашудаанд, аммо таъкид мегардад, ки мавзуъҳои васеъро фаро фаро хоҳанд гирифт.
Ашрафҷон Гулов, сафири нави Тоҷикистон дар Туркия ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия эътимоднома супорид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Сафири навтаъйини Тоҷикистон эътимодномаашро ба Эрдуғон супориду паёми Раҳмонро расонд
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, гуфт, музокироти мазкур масоили гуногун, аз бахши иқтисод то таъмини амнияти минтақавиро дар бар мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомдорони Туркия аз сафари Эрдуғон ба Тоҷикистон хабар доданд. Аз ҷумла вазири мудофиаи миллии Туркия, Хулусӣ Акар, хабар дода буд, ки қарор аст сафари раисиҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон сурат бигирад, аммо санаи мушаххаси он ҳанӯз эълон нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0