https://sputnik.tj/20210921/nizomi-tojik-tamrinho-shsh-afghoniston-1042386038.html
Назари як низомии тоҷик дар бораи тамринҳои СҲШ пас аз шиддати вазъ дар Афғонистон
Назари як низомии тоҷик дар бораи тамринҳои СҲШ пас аз шиддати вазъ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Машқҳои СҲШ на як, балки се ҳадафи муҳим доранд, мегӯяд низомии тоҷик
2021-09-21T09:00+0500
2021-09-21T09:00+0500
2021-09-21T11:16+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
спад
тамринҳои низомӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041525105_0:160:3071:1887_1920x0_80_0_0_c841c960320590dd7b01c66d818e655e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. "Машқҳои муштараки низомиёни кишварҳои СҲШ ба унвони "Миссияи сулҳ 2021" дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон махсусан муҳим аст",-мегӯяд полковник Фатҳулло Идоятуллозода, муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистон.Идоятуллозода дар зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи "Миссияи сулҳ" изҳори боварӣ кард, ки ин тамринҳо низ як марҳилаи муҳими рушди ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ мебошанд ва ба "наздикшавии халқҳои бародар ба хотири амнияти минтақа" мусоидат мекунанд.Ёдовар мешавем, ки машқҳо як рӯз пеш дар наздикии Оренбург оғоз шуданд. Бори аввал дар чунин як омӯзиш нерӯҳои низомии Беларус иштирок хоҳанд кард. "Миссияи сулҳ 2021" то 24 сентябр идома меёбад. Ҳадафи аслии тамринот таҳияи маҷмӯи амалиётҳо алайҳи ҳамлаи террористон аз Афғонистон мебошад. Чунин омӯзишҳоро дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар кишвари ҳамсояи кишварҳои узви СПАД мегузаронанд. Ин созмон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гузаронидани чаҳор тамринро ба нақша гирифтааст. * - як созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст
https://sputnik.tj/20210916/saad-tamrin-nizomi-marz-tojikiston-afghoniston-1042301391.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041525105_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_768876f8bf28841f3380054b61dbc831.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
низомӣ тамрин сҳш тоҷикистон афғонистон
низомӣ тамрин сҳш тоҷикистон афғонистон
Назари як низомии тоҷик дар бораи тамринҳои СҲШ пас аз шиддати вазъ дар Афғонистон
09:00 21.09.2021 (Навсозишуда: 11:16 21.09.2021) Машқҳои СҲШ на як, балки се ҳадафи муҳим доранд, мегӯяд низомии тоҷик
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. "Машқҳои муштараки низомиёни кишварҳои СҲШ ба унвони "Миссияи сулҳ 2021" дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон махсусан муҳим аст",-мегӯяд полковник Фатҳулло Идоятуллозода, муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистон.
"Бо дарназардошти ноором шудани вазъият дар сарҳадҳои ҷанубии мо ва рӯйдодҳои ахири Афғонистон, ки тамоми қаламрави ин кишвар таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифт, ба назари ман, мавзуъ ва ҳадафи ин машқ хеле муҳим аст", - таъкид кард ӯ.
Идоятуллозода дар зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи "Миссияи сулҳ" изҳори боварӣ кард, ки ин тамринҳо низ як марҳилаи муҳими рушди ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ мебошанд ва ба "наздикшавии халқҳои бародар ба хотири амнияти минтақа" мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки машқҳо як рӯз пеш дар наздикии Оренбург оғоз шуданд. Бори аввал дар чунин як омӯзиш нерӯҳои низомии Беларус иштирок хоҳанд кард.
"Миссияи сулҳ 2021" то 24 сентябр идома меёбад.
Ҳадафи аслии тамринот таҳияи маҷмӯи амалиётҳо алайҳи ҳамлаи террористон аз Афғонистон мебошад.
Чунин омӯзишҳоро дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар кишвари ҳамсояи кишварҳои узви СПАД мегузаронанд. Ин созмон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гузаронидани чаҳор тамринро ба нақша гирифтааст.
* - як созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст