Ҳузури даҳ ширкати бузурги Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Маскав

© Мэрия города ИсфарыВ Исфаре открылась обувная фабрика
В Исфаре открылась обувная фабрика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром” шаҳри Маскав иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 21 то 24 сентябри соли равон дастовардҳои навини саноати сабуки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром” дар шаҳри Москва намоиш дода мешаванд.
Ба намоиши мазкур корхонаҳои “Гулистони Душанбе”, “KоTа Глобал”, “Меҳровари Қурѓонтеппа”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Ортекс”, “Раҳматов”, “Раҳимов А.А”, “ТoҷТекс” ва “Ваҳдат Текстайл” даъват шудаанд.
Таъкид шудааст, ки намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром” бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб ёфта, иштироки корхонаҳои соҳа дар он заминаи муаррифии маҳсулоти ватаниро дар бозорҳои минтақа фароҳам меорад.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Беҳбудии соҳаи саноат: Тоҷикистон аз рушди ин бахш ҳисобот дод
Дар баробари корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ инчунин зиёда аз 350 корхона аз 28 минтақаи Русия ва Арманистон, Белорус, Украина, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қиргизистон, Ҳиндустон, Покистон, Чин, Туркия, Литва, Лаҳистон, Олмон, Итолиё, Нидерландия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон иштирок менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0