https://sputnik.tj/20210921/homid-karzay-afghoniston-khok-panohanda-1042416094.html
Ҳомид Карзай: Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
Ҳомид Карзай: Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, ки Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
2021-09-21T19:50+0500
2021-09-21T19:50+0500
2021-09-21T20:01+0500
афғонистон
толибон
ҳамид карзай
паноҳанда
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/05/1028210595_0:0:1119:629_1920x0_80_0_0_88d3823a93b29616dce60468ee9477ec.png
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҳомид Карзай дар мусоҳиба бо хабаргузории "Тасним" таъкид кардааст, ки “Толибон”* бояд кобинаи худро ислоҳ кунад.Вай мегӯяд, ки вазъияти феълӣ на дилхоҳи “Толибон”* ва на мардуми Афғонистон аст.Ба гуфтаи ӯ, суқути нерӯҳои амниятию миллӣ ба хайри Афғонистон нашуд ва Амрико заминасози ин вазъият дар Афғонистон аст.Карзай гуфт, ки Амрико ба хотири мубориза бо “Толибон”* хонаҳои афғонистониҳоро бомбаборон мекард.“Ману доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо “Толибон”* дар тамос будем ва бо бузургонашон машварат медиҳем”,-зикр кард раисҷумҳури собиқи Афғонистон.Вай афзуд, дар тӯли 14 соле, ки ӯ раисҷумҳур будааст, аз “Толибон”* барои худ чизе дархост накардааст, аммо имрӯз барои мардуми Афғонистон аз онҳо дархост кардааст.Вай ҳамчунин илова кард, ки Эрон ҳамеша дӯсти бисёр азиз ва наздики мардуми Афғонистон будааст ва мутмаин аст, ки Теҳрон талошҳояшро барои беҳтар намудани вазъ дар Афғонистон идома хоҳад дод.* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210921/sukhangui-tolibon-tavonoii-nobud-kardani-diish-1042408743.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/05/1028210595_118:0:1055:703_1920x0_80_0_0_568dae0803a38b27d8273a3b90d030fe.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳомид карзай, раисҷумҳур, паноҳанда, толибон
афғонистон, ҳомид карзай, раисҷумҳур, паноҳанда, толибон
Ҳомид Карзай: Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
19:50 21.09.2021 (Навсозишуда: 20:01 21.09.2021) Раисҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, ки "Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам"
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҳомид Карзай дар мусоҳиба бо хабаргузории "Тасним" таъкид кардааст, ки “Толибон”* бояд кобинаи худро ислоҳ кунад.
“Ман аз бародарони “Толибон”* даъват кардам, мо ҳама ҳамватан ҳастем ва бояд Афғонистонро якҷоя наҷот диҳем”,-гуфт оқои Карзай.
Вай мегӯяд, ки вазъияти феълӣ на дилхоҳи “Толибон”* ва на мардуми Афғонистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, суқути нерӯҳои амниятию миллӣ ба хайри Афғонистон нашуд ва Амрико заминасози ин вазъият дар Афғонистон аст.
Карзай гуфт, ки Амрико ба хотири мубориза бо “Толибон”* хонаҳои афғонистониҳоро бомбаборон мекард.
“Ману доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо “Толибон”* дар тамос будем ва бо бузургонашон машварат медиҳем”,-зикр кард раисҷумҳури собиқи Афғонистон.
Вай афзуд, дар тӯли 14 соле, ки ӯ раисҷумҳур будааст, аз “Толибон”* барои худ чизе дархост накардааст, аммо имрӯз барои мардуми Афғонистон аз онҳо дархост кардааст.
Ҳомид Карзай изҳори умедворӣ кард, ки “Толибон”* ва нерӯҳои Аҳмад Масъуд дар Панҷшер билохира ба сулҳ хоҳанд расид.
Вай ҳамчунин илова кард, ки Эрон ҳамеша дӯсти бисёр азиз ва наздики мардуми Афғонистон будааст ва мутмаин аст, ки Теҳрон талошҳояшро барои беҳтар намудани вазъ дар Афғонистон идома хоҳад дод.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст