https://sputnik.tj/20210921/bokhtar-vaksin-koronavirus-1042396776.html
Дар Бохтар 20 ҳазор донишҷӯй алайҳи COVID ваксин гирифт
Дар Бохтар 20 ҳазор донишҷӯй алайҳи COVID ваксин гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳудуди 1000 омӯзгор ва 20 ҳазор донишҷӯйи шаҳри Бохтар алайҳи коронавирус ваксин гирифтаанд 21.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-21T14:35+0500
2021-09-21T14:35+0500
2021-09-21T16:36+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
бохтар
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040902297_0:118:3141:1885_1920x0_80_0_0_6c3fc152bcd52dcb2aefb676a4bf577b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Маъракаи ваксинзанӣ алайҳи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад.Торнамои "Фараж" аз қавли муовини раиси шаҳри Бохтар Ҳафизулло Касиров хабар медиҳанд, ки то ҳозир 20 ҳазор донишҷӯй ваксин гирифтааст. Илова бар ин 1000 омӯзгор нафар аз омӯзгорони донишгоҳҳо низ алайҳи вируси COVID-19 ваксин гирифтаанд.Ба гуфтаи Касиров, дар шаҳри Бохтар ҳоло 62,7 дарсади сокинон бо ваксин таъмин шудаанд.Зикр гардид, ки сокинони шаҳри Бохтар аслан аз ваксинҳои Чину Амрико ва Русияву Бритониё истифода кардаанд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон 2,3 миллион нафар ё 40 дарсади шаҳрвандони кишвар алайҳи коронавирус ваксин гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20210920/tojikiston-voya-pfizer-dastras-1042367912.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040902297_48:0:2779:2048_1920x0_80_0_0_6434b470c76b83624adb4638b1f95dde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, бохтар, ваксина, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, бохтар, ваксина, коронавирус
Дар Бохтар 20 ҳазор донишҷӯй алайҳи COVID ваксин гирифт
14:35 21.09.2021 (Навсозишуда: 16:36 21.09.2021) Ҳудуди 1000 омӯзгор ва 20 ҳазор донишҷӯйи шаҳри Бохтар алайҳи коронавирус ваксин гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Маъракаи ваксинзанӣ алайҳи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад.
Торнамои "Фараж" аз қавли муовини раиси шаҳри Бохтар Ҳафизулло Касиров хабар медиҳанд, ки то ҳозир 20 ҳазор донишҷӯй ваксин гирифтааст. Илова бар ин 1000 омӯзгор нафар аз омӯзгорони донишгоҳҳо низ алайҳи вируси COVID-19 ваксин гирифтаанд.
Ба гуфтаи Касиров, дар шаҳри Бохтар ҳоло 62,7 дарсади сокинон бо ваксин таъмин шудаанд.
"43 420 нафар бо вояи якум ва 27 102 нафар бо вояи дуюм ваксинзанӣ шуданд", - афзудааст ӯ.
Зикр гардид, ки сокинони шаҳри Бохтар аслан аз ваксинҳои Чину Амрико ва Русияву Бритониё истифода кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон 2,3 миллион нафар ё 40 дарсади шаҳрвандони кишвар алайҳи коронавирус ваксин гирифтаанд.