Сокини Алмаато ду пулис ва се корманди додгоҳро паронд

© ИА "Новости-Казахстан", Анатолий УстиненкоРабота полиции Казахстана, архивное фото
Работа полиции Казахстана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Обуна шудан
Ин ҳодиса ҳоло расман тасдиқ нашудааст, вале шоҳидони ҳодиса мегӯянд, марди мусаллаҳ боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Як сокини Алмаато ба сӯйи кормандони додгоҳ ва нозирони минтақаӣ гулӯла шиллик кардааст, хабар медиҳад телевизиони RT.
Бар хабари манбаъ, дар ин ҳодиса дастикам панҷ нафар кушта шуд.
Бинобар гузоришҳои таъйиднашуда, номбурда панҷ нафар, аз ҷумла ду корманди пулисро ҳадаф қарор додааст.
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ, марди мусаллаҳ ҳоло боздошт шудааст. Ҳамчунин наворе аз лаҳзаи боздошти ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Феълан ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ироа нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0