Оташкушоии фарди номаълум дар Донишгоҳи Перм чанд куштаву захмӣ бар ҷой гузошт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСтрельба у школы в Казани
Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Обуна шудан
Дар Донишгоҳи Перм бо сабаби тирандозӣ баъзе аз донишҷӯён ва омӯзгорон даруни синфхонаҳои дарбаста банд монданд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Як шахси номаълум ба Донишгоҳи давлатии Перм оташ кушод, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба дафтари матбуотии ин донишгоҳ.
Маълумот дар бораи қурбониён мушаххас карда мешавад.
Бино ба иттилои телеграм-канали "112", панҷ нафар кушта ва беш аз панҷ нафари маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлагар аз силоҳи травматикӣ тир кушодааст.
Илова бар ин бо нашри як дархосте дар саҳифаи расмии Донишгоҳи Перм дар ин интернет садорати ин донишгоҳ аз онҳое, ки ба дарс мераванд, хоҳиш кардааст, ки ба бино наздик нашаванд.

"Агар шумо ҳоло дар донишгоҳ ё дар синфхона бошед, лутфан кӯшиш кунед, ки аз дарун дарро пӯшед ва дар ҷои худ бимонед",-гуфта мешавад дар вебсайти донишгоҳ.

Шоҳидони айнӣ дар Перм аллакай видеои вориди донишгоҳ шудани мард ва тирандозӣ дар даромадгоҳи онро нашр кардаанд.
Гуфта мешавад, ҷинояткоре, ки дар Донишгоҳи Перм оташ кушодааст, худро дар қабати 8-ум пинҳон кардааст. Донишҷӯён барои наҷоти худ аз тиреза ба поён ҷаҳидаанд.
Ба иттилои манобеъ, дар пайи тирандозӣ пулис ва воҳидҳои махсус ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд.
Дар донишгоҳ тасдиқ карданд, ки фарди тирандозро боздошт кардаанд ва ҳоло бино аз донишҷӯён тахлия мешавад.
Лентаи хабарҳо
0