https://sputnik.tj/20210920/juziyot-safar-berdimuhammadov-tojikiston-1042365801.html
Ҷузъиёти сафари Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон маълум шуд
Ҷузъиёти сафари Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Туркманистон зимни ширкат дар нишасти СҲШ ба суҳбатҳо бо раҳбарони Тоҷикистону Эрон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард
2021-09-20T09:00+0500
2021-09-20T09:00+0500
2021-09-20T22:45+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
туркманистон
тиҷорат
қурбонқулӣ бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041629997_0:159:3071:1886_1920x0_80_0_0_655ed5369d86764b16b1b1058d3d1090.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов яке аз меҳмонони фахрии нишасти сарони СҲШ буд, ки рӯзи 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷузъиёти сафари ӯро нашрияи туркмании "Хроника Туркменистана" нашр кардааст.Дар ин музокирот Бердимуҳаммадов изҳор кардааст, Конфронси байналмилалии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки дастарасӣ ба баҳрро надоранд, қарор аст, моҳи апрели соли 2022 баргузор шавад.Ҳамчунин раҳбари Туркманистон дар муколама бо раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой даъват кард, ки корро барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ тақвият бахшанд.Дар ҷараёни ин сафар президенти Туркманистон бо сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Эрон Иброҳим Раисӣ гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом дод.Дар муколама бо Раҳмон ӯ дурнамои рушди иқтисодиро баррасӣ карда, ҳамчунин раҳбари Тоҷикистонро ба саммити 15 -уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба Ишқобод даъват кардааст.Бердимуҳаммадов бо раисҷумҳури Эрон муносибони энержӣ ва тиҷоратро баррасӣ кардааст. Аз ҷумла эҳтимоли аз сар гирифтани интиқоли гази Туркманистон ба Эрон ва густариши ҳамкориҳои нақлиётӣ ва транзитӣ низ дар ин дидор матраҳ шудааст.Маълум шуд, ки президенти Туркманистон ба Душанбе на бо ҳавопаймои хусусӣ, балки бо ҳавопаймои мусофиркаши "Boeing 777-200LR"-и Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон онро 15 июн гирифт, ба Душанбе омадааст.
https://sputnik.tj/20210917/rahmon-berdimuhamedov-muloqot-1042333314.html
https://sputnik.tj/20210918/gardish-mol-chin-kishvar-shsh-1042346193.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041629997_173:0:2898:2044_1920x0_80_0_0_91cbdc28d7e806d8364c7bea143158f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷузъиёт сафар бердимуҳаммадов тоҷикистон
ҷузъиёт сафар бердимуҳаммадов тоҷикистон
Ҷузъиёти сафари Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон маълум шуд
09:00 20.09.2021 (Навсозишуда: 22:45 20.09.2021) Президенти Туркманистон зимни ширкат дар нишасти СҲШ ба суҳбатҳо бо раҳбарони Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов яке аз меҳмонони фахрии нишасти сарони СҲШ буд, ки рӯзи 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷузъиёти сафари ӯро нашрияи туркмании "
Хроника Туркменистана" нашр кардааст.
Дар ин музокирот Бердимуҳаммадов изҳор кардааст, Конфронси байналмилалии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки дастарасӣ ба баҳрро надоранд, қарор аст, моҳи апрели соли 2022 баргузор шавад.
Ҳамчунин раҳбари Туркманистон дар муколама бо раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой даъват кард, ки корро барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ тақвият бахшанд.
Дар ҷараёни ин сафар президенти Туркманистон бо сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Эрон Иброҳим Раисӣ гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом дод.
Дар муколама бо Раҳмон ӯ дурнамои рушди иқтисодиро баррасӣ карда, ҳамчунин раҳбари Тоҷикистонро ба саммити 15 -уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба Ишқобод даъват кардааст.
Бердимуҳаммадов бо раисҷумҳури Эрон муносибони энержӣ ва тиҷоратро баррасӣ кардааст. Аз ҷумла эҳтимоли аз сар гирифтани интиқоли гази Туркманистон ба Эрон ва густариши ҳамкориҳои нақлиётӣ ва транзитӣ низ дар ин дидор матраҳ шудааст.
Маълум шуд, ки президенти Туркманистон ба Душанбе на бо ҳавопаймои хусусӣ, балки бо ҳавопаймои мусофиркаши "Boeing 777-200LR"-и Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон онро 15 июн гирифт, ба Душанбе омадааст.