Аз Бастаю Ҷоҳ Ҳалиб то Аловатов: Дар Душанбе консерти бузург доир мешавад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкРэпер Баста (Василий Вакуленко)
Рэпер Баста (Василий Вакуленко)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Обуна шудан
Ҳунарманди машҳури рус Баста (Василий Вакуленко) дар як консерти калони идона, ки дар Душанбе доир мешавад, ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон консерти калони рэпсарои рус Баста баргузор мешавад.
Илова бар ин ситораи дигари рус, репсаро ва сароянда шинохта Бахтиёр Маҳмадов, ки бо тахаллуси Jah Khalib машҳур аст, дар ҷашнвораи калони идонаи "MegaFon Life Fest" ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Қарор аст, ин консерт 3 октябр дар "Наврӯзгоҳ" -и пойтахт баргузор шавад.
Миёни ҳунармандони тоҷик, барандаи намоиши байналмилалии истеъдодҳо "Central Asia's Got Talent" Чоршанбе Аловатов, иштирокчии лоиҳаи русии "You are super!" Меҳрона Ғайбуллоева, овозхони попи мӯд дар Душанбе Сафармуҳаммад ва гуруҳи "The Daze" ширкат хоҳанд кард.
Суруди сарояндаи афғон Фаҳим Фано дар васфи Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сарояндаи афғон васфи Раҳмон карду мардуми Душанберо ба "по" хезонд - видео
Ин чорабинӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ низ баргузор хоҳанд шуд. Фестивал барои донандагони санъати муосир, мухлисони жанри "stand-up" ҷолиб хоҳад буд.
Барнома 3 октябр, соати 11:00 (ба вақти маҳаллӣ) оғоз шуда, то соати 23:00 идома меёбад.
Нархи билети муқаррарии дохилшавӣ 80 сомонӣ (7,5 доллар) аст. Чиптаҳое, ки ба саҳнаи асосии баромади ҳунармандон наздиктар аст, 120 сомонӣ (тақрибан 11 доллар) хоҳад буд.
Вуруди кӯдакони то 7-сола ба "Наврӯзгоҳ" ройгон аст.
Лентаи хабарҳо
0