https://sputnik.tj/20210919/tojikiston-intikhoboti-dumai-davlatii-rusiya-1042357737.html
Дар Тоҷикистон иштироки 4,5 ҳазор нафар дар интихоботи Думаи давлатии Русия қайд гардид
Дар Тоҷикистон иштироки 4,5 ҳазор нафар дар интихоботи Думаи давлатии Русия қайд гардид
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия то ҳол 4,5 ҳазор интихобкунанда раъйи худро гузоштааст
2021-09-19T12:00+0500
2021-09-19T12:00+0500
2021-09-19T12:09+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
интихобот
думаи кишварии русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042354550_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_2feb1a6b8abc1f6a5ed88b5061941d99.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор нафар раъй додаанд. Дар ин бора сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай дар маросими ифтитоҳи қитъаи интихоботӣ дар бинои Маркази илм ва фарҳанги Русия суханронӣ карда, қайд намуд, ки созмондиҳандагон ҳама чизи заруриро барои бомуваффақият гузаронидани овоздиҳӣ фароҳам овардаанд.Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ шаш қитъаи интихоботӣ боз шудааст: се қитъа дар Душанбе, як - тоӣ дар Норак, Бохтар ва Хуҷанд.Лякин-Фролов таъкид кард, ки интихобот дар Тоҷикистон ба таври шаффоф мегузарад.Ба гуфтаи ӯ, рафти интихоботро дар Тоҷикистонро вакили Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин чаҳор нозири Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия назорат мекунанд.Дар идома ӯ зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди Русия ба сар мебаранд. Ӯ гуфт, давоми чор сол тақрибан 200 000 нафар тоҷикистониҳо шиносномаи Русия гирифтанд.
https://sputnik.tj/20210919/qitaho-intikhoboti-tojikiston-1042356197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042354550_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_527fe418bd195f529429bfb80dd9b378.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон интихобот думаи давлатии русия
тоҷикистон интихобот думаи давлатии русия
Дар Тоҷикистон иштироки 4,5 ҳазор нафар дар интихоботи Думаи давлатии Русия қайд гардид
12:00 19.09.2021 (Навсозишуда: 12:09 19.09.2021) Дар Тоҷикистон дар интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия то ҳол 4,5 ҳазор интихобкунанда раъйи худро гузоштааст
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор нафар раъй додаанд.
Дар ин бора сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай дар маросими ифтитоҳи қитъаи интихоботӣ дар бинои Маркази илм ва фарҳанги Русия суханронӣ карда, қайд намуд, ки созмондиҳандагон ҳама чизи заруриро барои бомуваффақият гузаронидани овоздиҳӣ фароҳам овардаанд.
Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ шаш қитъаи интихоботӣ боз шудааст: се қитъа дар Душанбе, як - тоӣ дар Норак, Бохтар ва Хуҷанд.
Лякин-Фролов таъкид кард, ки интихобот дар Тоҷикистон ба таври шаффоф мегузарад.
Ба гуфтаи ӯ, рафти интихоботро дар Тоҷикистонро вакили Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин чаҳор нозири Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия назорат мекунанд.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди Русия ба сар мебаранд.
Ӯ гуфт, давоми чор сол тақрибан 200 000 нафар тоҷикистониҳо шиносномаи Русия гирифтанд.